Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз як ҷинояти ғайриоддӣ дар вилояти Суғд хабар додааст ва дар бораи талоши фурӯши ғайриқонунии ду хирсбачаи малламӯи тиёншонӣ.
Вазорат имрӯз дар як баёнияи расмӣ гуфт, кормандони милиса як сокини 28-солаи ноҳияи Ҷаббор Расуловро дастгир карда ва ба зидди ӯ бо гумони шикори ғайриқонунӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
Номи ин ҷавони 28-соларо набурдаанд, вале гуфтаанд, ки ӯ охири моҳи марти имсол дар минтақаи "Қизилтайгӣ" воқеъ дар ҷангалзори Кӯҳсовлисои ноҳияи Шаҳристон ду хирсабачаро гирифта ва бо ҳадафи фурӯш дар хонааш нигаҳ доштааст.
Хирси малламӯй аз ҷонварҳои нодири Тоҷикистон ба шумор меравад ва дар Китоби сурхи кишвар ворид шудааст.
Дар баёния омадааст, ки шикорчиро ҳангоми фурӯши хирсбачаҳо дастгир кардаанд. Маълум нест, муштариёни ин ҷонварони зебо кӣ будаанд ва оё нисбат ба онҳо низ чорае андешида мешавад, ё на.
Ба қавли вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, гумонбар ба ҷиноят бо ин кори худ ба давлат 85 ҳазор сомонӣ зиён расонидааст ва акнун бояд барои ин кораш посух бигӯяд.
Бар асоси Кодекси ҷиноӣ дар Тоҷикистон барои шикори ғайриқонунӣ ҷаримаи бузург ва зиндони шартӣ пешбинӣ шудааст