Ҳодисаи нав дар марзи Тоҷикистону Афғонистон.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, як гурӯҳи чорнафарӣ аз хоки Афғонистон ба ҳудуди кишвар гузашта, як тани онҳо дастгир ва сеи дигар фирор кардаанд. Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар баёнияе гуфт, ҳодиса шаби 10-уми феврал дар дидбонгоҳи сарҳадии "Дарқад" дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон рӯй дод.