Боздошти як ҷавон дар Суғд бо иттиҳоми куштани падараш

Акс аз навори Раёсати корҳои дохилии Суғд

Пулиси вилояти Суғд як ҷавонро бо иттиҳоми ба қатл расондани падараш боздошт кардааст.

Акбар Шарифӣ, сухангӯи Раёсати корҳои дохилии Суғд 14-уми октябр дар барномаи телевизионӣ гуфт, ин падару писар дар ҷамоати Дадобой Холматови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зиндагӣ мекарданд.

Пулис мегӯяд, падару писар дар ҳолати мастӣ бо ҳам ҷанҷол карданд ва писари 34-сола падари 67-солаашро кушта ба ҳавз мепартояд. Худи ҷавон дар наворе, ки маълум нест таҳти чӣ шароит сабт шудааст мегӯяд, барои пинҳон кардани ҷиноят ҷасади падарашро ба ҳавз партофт.

Мақомот гуфтанд, писари марди кушташуда боздошт ва алайҳаш бо иттиҳоми куштор парванда боз шудааст. Ба ин мард то 15 сол зиндон таҳдид мекунад.

Дар Тоҷикистон ин бори аввал нест, ки писарон бо иттиҳоми куштани падарашон боздошт мешаванд.