Боздошти як гумонзад дар пайванд ба ҳамла ба генерали рус

Владимир Алексеев

Мақомоти Русия дар пайванд ба суиқасд ба ҷони генерал Владимир Алексеев як каси дигарро дастгир кардаанд.

Ҳамла ба муовини аввали раиси Чун муассисаи истихбороти ҳарбӣ ё ГРУ ҳам маъруф аст рӯзи 6-уми феврал дар назди хонааш дар Маскав сурат гирифт. Вай захмӣ ва дар бемористон бистарист.

ФСБ ё Хадамоти федеролии амнияти Русия рӯзи 8-уми феврал гуфт, гумонзади нав шаҳрванди Русия аст ва дар Дубай боздошт шуд. Аз ӯ Любомир Корба ном бурданд. 65-сола аст.

Ин ниҳод гуфт, дар ин ҳодиса ду шаҳрванди дигари Русия даст доранд, ки яке дар Маскав боздошт шуда, дигаре гуё ба Украина рафтааст.

Дар бештар аз як соли охир дастикам се низомии баландпояи Русия дар Маскав кушта шудаанд. Моҳи декбари соли 2025 дар натиҷаи таркиши мошин дар Маскав генерал-лейтенант Фанил Сарваров, раҳбари як раёсати Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия, ба ҳалокат расид.

Генерал Ярослав Москалик, муовини сардори сарраёсати Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия, моҳи апрели соли 2025 дар таркиши мошин дар наздикии шаҳри Маскав кушта шуд. Москалик дар солҳои 2015 ва 2019 дар музокироти “шакли Нормандӣ” дар бораи Украина нақши калидӣ дошт.

Дар моҳи декабри соли 2024 дар пайи таркиши бомбе дар Маскав генерал-лейтенант Игор Кириллов ҷон бохт. Вай аз соли 2017 раҳбарии Нерӯҳои ҳимоя аз ҳамлаҳои кимиёӣ ва биологии Русияро бар дӯш дошт.

Қатли Кириллови 54-сола як рӯз баъди он рух дод, ки Додситонии Украина ӯро ба истифода аз силоҳи кимиёӣ алайҳи нерӯҳои украинӣ муттаҳам кард. Мақомоти Русия дар пайванд ба куштори ин генерал як шаҳрванди 29-солаи Узбекистонро дастгир карданд.