Фирӯз Бобоев, машҳур бо номи Зайд, узви "Гурӯҳи 24", як созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, ки фаъолияташ дар ҳудуди кишвар мамнуъст, дар Туркия дастгир шудааст. Ӯ 37-сола аст ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ рафтори мансабдорони тоҷикро танқид мекунад.
Дилшод Шарифов, раиси "Гурӯҳи 24", дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, нерӯҳои қудратии Туркия ӯро шаби 19-уми феврал "аз хонааш ба самти номаълум бурданд".
"Дар давоми 48 соат бояд додгоҳ маълум кунад, ки ӯ дар Туркия мемонад ё ба Тоҷикистон фиристода мешавад. Вайро бо дархости режими Эмомалӣ Раҳмон бурдаанд. Дар ҳоле ки вай дар ин муддат ҳеч ҷиноят содир накардааст. Ҳатто ягон ҷарима надорад. Қонунӣ зистааст," – афзуд ӯ.
Шарифов мегӯяд, Фирӯз ё Зайд Бобоев аз соли 2012 узви "Гурӯҳи 24" аст ва дастикам даҳ сол боз дар Туркия паноҷҳӯст. Ӯ дар солҳои 2024 ва 2025 низ барои як муддат дастгир ва сипас раҳо карда шудааст.
Даъвои ҷониби Тоҷикистон алайҳи Фирӯз Бобоев ба мо маълум нест, вале мақомот дар гузашта даҳҳо узв ва ҳаводорони "Гурӯҳи 24"-ро бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ, ифротгароӣ ва терроризм ба зиндон андохтаанд.
Бори аввал нест, ки намояндагони "Гурӯҳи 24" дар Туркия дастгир мешаванд Аз ҷумла, Сӯҳроб Зафар, раҳбари пешини "Гурӯҳи 24" ва Насимҷон Шарифов, намояндаи баландпояи ин созмон, соли 2024 дар Истанбул нопадид ва дертар дар Тоҷикистон бо иттиҳоми ифротгароӣ ва даъват ба сарнагунии ҳукумат мутаносибан ба сӣ ва бист сол зиндонӣ гаштанд. Худашону наздикон иттиҳомҳоро напазируфтанд.
"Гурӯҳи 24", ки соҳибкори норозӣ Умаралӣ Қувватов бунёд гузоштааст (худаш соли 2015 дар Туркия кушта шуд), бо қарори Додгоҳи олӣ дар Тоҷикистон "ифротгаро" ва "мамнуъ" эълон шудааст. То ин дам бо гуноҳи пайравӣ аз он даҳҳо нафар дар Тоҷикистон, Русия ва кишварҳои дигар боздошт ва бархе ба муддати дароз зиндонӣ шуданд. Намояндагони ин созмон худро мухолифи ҳукумат ва фаъолиятҳояшонро сиёсӣ ва орӣ аз хушунату ифротгароӣ медонанд.