Боздошти сокини Душанбе бо иттиҳоми ҳаракатҳои бадахлоқона

Акс аз бойгонӣ

Як ҷавони 21-сола дар Душанбе бо иттиҳоми иҷрои ҳаракатҳои бадахлоқона нисбати духтари ноболиғ боздошт шудааст.

Раёсати корҳои дохилии Душанбе 26-уми феврал хабар дод, ки ин ҷавон ба он гумонбар аст, ки соли 2025 бо як духтари ҳанӯз ба синни 14-сола нарасида робита барқарор кара, "нисбат ба ӯ ҳаракатҳои бадахлоқонаро анҷом додааст". Назари ин ҷавон ва наздииконаш ба иттиҳом маълум нест.

Пулиси Душанбе ному насаби ин ҷавон ва аксашро нашр кардааст, вале Радиои Озодӣ бо далелҳои ахлоқӣ аз фош кардани ному насаби ин ҷавон худдорӣ мекунад.

Ба иттилои расмӣ, алайҳи ин ҷавон бар асоси моддаи 142-и Кодекси ҷиноӣ ё ҳаракатҳои бадахлоқона нисбати шахси ба 16 сола нарасида парванда боз шудааст. Ин банди қонун то ду сол маҳрум сохтанӣ аз озодиро пешбинӣ кардааст.

Раёсати корҳои дохилии Душанбе бо нашри ин хабар аз волидайни наврасон даъват кардааст, ки фарзандони худро беназорат нагузоранд.

Ҳомиёни ҳуқуқ борҳо аз озори ҷинсии наврасон дар Тоҷикистон нигаронӣ кардаанд.

Бино бар гузориши Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон соли 2024 дар кишвар 88 мавриди озори ҷинсиву ҳаракатҳои дигари бадахлоқона нисбат ба ноболиғон сабт шудааст.