Кумитаи тафтишотии Русия аз боздошти як шаҳрванди хориҷӣ бо иттиҳоми куштаву захмӣ кардани як падару писар хабар додааст. Расонаҳо навиштанд, ҳамлавар 16-сола ва зодаи Тоҷикистон аст.
Ба гузориши мақомоти Русия, ин наврас шаби 11-уми июн вориди хонаи шиносаш дар деҳаи Тёрновкаи вилояти Маскав шуда, бо корд ба мард ва як писараш ҳамла кардааст. Кумитаи тафтишоти Русия гуфтааст, мард дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, писарашро ба бемористон бурдаанд.
Назари навраси дастгиршуда ва наздиконаш ба қазия ва ҳамин тавр ангезаи ӯ барои ин кор маълум нест. Пулис мегӯяд, ин наврас дастгир шуда, тафтиши қазия идома дорад.
Дар хабарномаи Кумитаи тафтишотии Русия танҳо ба шаҳрванди хориҷӣ будани ӯ ишора шудааст. Хабаргузории ТАСС навиштааст, ҳамлавар шаҳрванди Тоҷикистон аст. Маълумоти бештар дар бораи ин наврас дастрас нест.
Александр Бастрикин, роҳбари Кумитаи тафтишот, ки аз мақомдорони муҳоҷирситези Русия гуфта мешавад, таҳқиқи ин ҳодисаро зери назари худ гирифтааст.
Дар гузашта ҳам шаҳрвандони Тоҷикистон бо иттиҳоми содир кардани ҷиноят дар Русия дастгир шудаанд. Наздикони бархе аз ин муҳоҷирон ба бегуноҳии наздиконашон пойфишорӣ кардаанд.