"Бадахлоқӣ нисбат ба ду хонанда." Боздошти мудири як мактаб

Акс аз бойгонӣ

Мудири як мактаб дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон, ки номаш ба далели ахлоқӣ нашр намешавад, бо гумони "ҳаракатҳои бадахлоқона нисбат ба ду хонанда" боздошт шудааст. Пайвандонаш мегӯянд, "ӯ бегуноҳ аст ва тафтишот ҳама чизро рӯшан хоҳад кард."

Ду манбаи Радиои Озодӣ гуфтанд, мудири 69-солаи яке аз мактабҳои ноҳияи Ҳамадонӣ талош кардааст, бо ду духтари синфи шашум вориди робитаҳои ҷинсӣ шавад.

"Хонандагон ба волидон хабар додаанд ва онҳо ба мақомот шикоят кардаанд. Ҳоло мудир дар ҳабс аст," – гуфт яке аз манбаъҳои наздик ба Додситонии вилояти Хатлон ба Радиои Озодӣ рӯзи 29-уми май.

Боздошти омӯзгорро наздиконаш ҳам тасдиқ карда, аммо хостанд, ки мавзуъ расонаӣ нашавад. Яке аз пайвандони мудири мактаб рӯзи 1-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, "ӯ 69-сола аст ва шикояти зидди ӯ ба ягон чиз дуруст намеояд. Тафтишот ҷараён дорад, маълум мешавад, ки чӣ шудааст. 46 сол собиқаи корӣ дорад ва аз омӯзгорӣ то мудирӣ расидааст."

Мақомот то ҳол ҳодисаро шарҳ надодаанд. Ба гуфтаи як шахси огоҳ аз парванда, ба зидди мудири боздоштшудаи мактаб бар асоси банди 142 (қисми 3)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз шуда, таҳқиқи ҳодисаро додситони ноҳияи Ҳамадонӣ пеш мебарад. Ин банди қонун дар бораи “ҳаракатҳои бадахлоқона” бо касест, ки ҳанӯз синнаш ба балоғат нарасидааст ва аз 5 то 8 сол зиндонро дар назар дорад.

Пештар чанд нафар аз ноҳияи Ҳамадонӣ ба Радиои Озодӣ навишта буданд, ки рафтори мудири мактаб бо чанд хонанда онҳоро сахт ошуфта кардааст.

Як манбаъ дар соҳаи маорифи ноҳияи Ҳамадонӣ рӯзи 29-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, “ин омӯзгорро барои сифатҳои некаш муваққатан мудири мактаб таъйин карда буданд, вале баъди ҳодиса ҳама дар ҳайрат монданд.”

Бори аввал нест, ки омӯзгорон ва мудирони мактаб бо гумони ҳаракатҳои бадахлоқона боздошт ва нисбат ба онҳо парвандаи ҷиноӣ боз мешавад. Соли 2023 як мудири мактабро дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин барои озори ҷинсӣ боздошт карда, ҷазо доданд.

Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳомиёни ҳуқуқ борҳо аз озори ҷинсии наврасон дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардаанд. Бино бар гузориши Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон, танҳо дар соли 2024 қариб навад мавриди озори ҷинсиву ҳаракатҳои дигари бадахлоқона нисбат ба ноболиғон сабт шудааст.