Ҳодиса шаби 2-юми апрел рух дод.
Он шаб хоҳарон, Зуҳро Қурбоноваи 28-сола, Таҳминаи Шоҳмаҳмади 20-сола ва хоҳарзодаи шашсолаашон Абубакр Қурбонов бо корд мавриди ҳамла қарор гирифтаанд.
Як манбаи наздик ба мақомоти тафтишотӣ дар вилояти Хатлон 2-юми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, “Сафаралӣ Валӣ, сокини 32-солаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо гумони даст доштан дар куштор боздошт шуд”.
Ӯ шавҳари Зуҳро Қурбонова буда, дар бозори “Фаровон”-и шаҳри Душанбе дар нуқтаи фурӯши орд боркаш будааст.
Ба нақли наздиконаш, Зуҳро Қурбонова то моҳи феврали имсол бо Сафаралӣ Валӣ дар Душанбе зиста, пас аз як муноқиша ба Кӯлоб ба хонаи волидонаш рафтааст. Ба гуфтаи онҳо, ин мард пештар ҳамсарашро ба куштан таҳдид карда, вале ӯро ҷиддӣ нагирифта буданд.
Мавқеи хонаводаи Сафаралӣ Валӣ маълум нест.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
“Ҷасадҳоро дафн карданд.” Кушта шудани ду зану як кӯдак дар КӯлобБа қавли манбаъҳои Радиои Озодӣ, ӯ дар баёноти аввалияи худ ба мақомот гуфтааст, ки соати дуи шаб вориди хона шуда, иштибоҳӣ ба хоҳарарӯсаш Таҳминаи Шоҳмаҳмад ҳамла кардааст. Радиои Озодӣ дурустии онро тасдиқ ё инкор карда наметавонад.
Наздиконаш мегӯянд, Таҳмина дар моҳи 8-уми ҳомиладорӣ буд ва барои ба дунё овардани тифл дар хонаи падару модараш қарор дошт.
“Сафаралӣ Валӣ ба тафтишот нақл кард, ки пас аз онки ҳамсараш аз хоб бедор шуда дод зад, шинохта ба ӯ низ ҳамла кардааст. Ба ду фарзанди худаш, ки дар он ҳуҷра хоб будаанд, осеб нарасондааст," – нақл кард як манбаи Радиои Озодӣ дар мақомоти интизомии Хатлон.
Ҷузъиёти ҳодиса, аз ҷумла, ки гумонзад бо чӣ далеле ба кӯдаки шашсола корд задааст, дастраси Радиои Озодӣ нашуд. Абубакр Қурбонов, писари Фотима Қурбонова, хоҳари дигари занони кушташуда будааст, ки дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор доштааст.
Дар соли ҷорӣ дар Кӯлоб дигар кушторҳои пурсарусадо низ сабт шуда буд.
Рӯзи 8-уми феврал Қурбоналӣ Маҳмудов, як сокини Кӯлоб дар ҷанҷоле аз ҷониби ҳамсояаш кушта шуд. Ӯ бародари Маҳмудҷон Маҳмудов, раиси ширкати “Кӯлоб Таксӣ” буд.
Шаби 11-уми январ дар занозании миёни ҷавонон, Муҳаммадалӣ Саъдуллоев, варзишгари 19-сола ҷон бохт. Дар қатли ӯ як ҳамсолашро гумонбар дониста, боздошт кардаанд.