Боздошти фаъоли қазоқистонӣ ҳангоми назарпурсӣ дар бораи Тоқаев

Элвира Бекзодина

Фаъоли мадании қазоқистонӣ Элвира Бекзодина барои "итоат накардан ба корманди ҳифзи ҳуқуқ" беш аз 110 ҳазор танга (250 доллар) ҷарима шуд.

Бекзодина 12-уми май дар шаҳри Остонаи Қазоқистон боздошт ва чанд соат дар шуъбаи пулис нигаҳдорӣ шудааст.

Ба иттилои бунёди ҳомии ҳуқуқи "Qaharman", фаъоли маданиро ҳангоми назарпурсӣ дар мавзӯи "Панҷ дастоварди Қосимҷомарт Тоқаев дар панҷ соли президентияш" дастгир кардаанд.

Бунёди "Qaharman" гуфтааст, пулис Бекзодинаро бо истифода аз нерӯ дастгир кард. Маъмурони ҳифзи ҳуқуқ на худро муаррифӣ кардаанд ва на сабаби боздошташро шарҳ додаанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, боздошт ва ҷаримаи фаъоли маданӣ ангезаи сиёсӣ дорад.

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев 17-уми май 71-сола мешавад. Фаъолони мухолифи ин кишвар тасмим гирифтанд, ки дар арафаи зодрӯзи Тоқаев аз сокинон дар бораи паҳлӯҳои мусбат ва манфии кори ӯ бипурсанд.