Ду шаҳрванди Узбекистон ба гумони қочоқи тило дар фурудгоҳи шаҳри Деҳлӣ, пойтахти Ҳиндустон, боздошт шудаанд.
Хадамоти матбуотии фурудгоҳи Деҳлӣ иттилоъ дод, ки боздоштшудаҳо аз шаҳри Дубай ба пойтахти Ҳиндустон парвоз карда, мехостанд, 5 кило тилоро ба ин икшвар ғайриқонунӣ ворид кунанд.
Арзиши умумии тилои мусодирашуда беш аз 360 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Шаҳрвандони Узбекистон ба ҳабси пешакӣ гирифта шудаанд. Таҳқиқ ҷараён дорад.