Мақомоти интизомии Душанбе панҷ нафарро бо гумони тундгароӣ дастгир ва се нафари онҳоро пас аз муддати кӯтоҳе озод кардаанд.
Ду манбаъи наздик ба хонаводаҳои боздоштшудаҳо рӯзи 16-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳар панҷ нафарро рӯзи 7-уми сентябр дар масҷид дастгир кардаанд. Ба қавли ин манобеъ, ҳамаи боздоштшудагон аз аҳли язгуломиҳо будаанд, ки дар гузашта даҳҳо нафари онҳо якҷо бо гуноҳи ифротгароӣ зиндонӣ шудаанд.
Мусоҳибони Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ду нафаре, ки дар боздошт мондаанд, сокинони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон ва се нафари раҳошуда аз маҳаллаи «Ҳаёти нав» ва «Гулистон»и ноҳияи Фирдавсии пойтахт будаанд. Яке аз онҳо гуфт: «Ҳамаашон ҷавонони аз 20 то 25 солаанд. Дар ин 10 рӯзи боздошт онҳоро ба наздиконашон нишон надодаанд. Намедонанд, шароити нигаҳдории онҳо чӣ гуна аст ва дар бораи вакили дифо доштан ё надоштанашон хабар надоранд.» Талошҳои Радиои Озодӣ барои гирифтани назари мақомоти интизомӣ дар ин бора натиҷа надод.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
"Маънои сиёсӣ надорад." Чаро мехоҳанд номи Жамакро дигар кунанд?Бори аввал нест, ки язгуломиҳо ба таври гурӯҳӣ боздошту зиндонӣ мешаванд. Моҳи майи имсол ҳам додгоҳи Душанбе се сокини шаҳрро бо гуноҳи ифротгароии динӣ ва пайравӣ ба ҷараёни салафия, ки дар Тоҷикистон мамнӯъ аст, ба зиндон маҳкум кардааст. Ҳарсеи онҳо сокинони маҳаллаи “Дарвоз” дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ будаанд, ки бисёре аз онҳо аз табори язгуломиҳо ҳастанд.
Додгоҳи олии Тоҷикистон дар моҳи декабри соли 2024-ум 31 сокини ҷамоати Язгуломро бо гуноҳи ифротгароӣ ва ё узвият дар созмонҳои мамнӯъ аз 2 то ба 23 соли зиндон маҳкум кард. Бисту ҳафт нафари онҳо дар ноҳияи Ванҷ дастгир шуда, чор тани дигарро аз хориҷ овардаанд.
Язгуломиҳо яке аз гурӯҳҳои этникии тоҷикон ва аз аҳолии таҳҷоии ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳастанд ва дар даврони шӯравии собиқ ба дигар шаҳру ноҳияҳои низ кӯч бастаанд. Бо забони язгуломӣ, яке аз зумраи забонҳои шарқии эронӣ сӯҳбат мекунанд, ки дар вартаи нобудӣ қарор дорад.
Мақомоти интизомии Тоҷикистон дар гузашта даҳҳо нафар аз сокинони ҷамоатро ба узвият дар созмони Ансоруллоҳ, ДОИШ ва Ҳаракати Исломии Узбекистон муттаҳам кардаанд. Ҷомеашиносону таҳлилгарон сабабҳои пайвастани ҷавонони ин ҷамоат ба сафи гурӯҳҳои ифротиро дар дурафтодагии минтақа, набуди имконият барои кор ва тиҷорат медонанд, ки онҳоро маҷбур мекунад, барои кор ба муҳоҷирати корӣ ба Русия бираванд.
Мақомоти додситонии Тоҷикистон ҳам эътироф кардаанд, ки бисёре аз ҷавонони тоҷик дар Русия, аз ҷумла зодагони Язгулом таҳти таъсири тарғиботи онлайнӣ ба сафи гурӯҳҳои ифротӣ ба мисли ДОИШ пайваста ва ба Сурияву Ироқ рафтаанд. Се нафаре, ки ҳамин моҳи май зиндонӣ шуданд, дар Русия дар як ширкати сохтмонии туркӣ кор мекарданд ва аз онҷо бо дархости ҳукумати Тоҷикистон ба Душанбе истирдод шуда буданд.
Бар асоси Қонуни афви имсол даҳ сокини ҷамоати мазкурро, ки боздошту ҳабси онҳо дар солҳои 2024 ва 2025 сарусадо барпо карда буд, бар асоси Қонуни авф озод карданд.