Боздошти ду корманди пулис бо иттиҳоми қаллобӣ дар Хатлон

Акс аз бойгонӣ.

Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз ирсоли парвандаи ду пулиси вилояти Хатлон ба додгоҳ хабар додааст.

Ин кормандони пулис ба қаллобӣ муттаҳам мешаванд, аммо назари худашон ба иттиҳом маълум нест.

Оҷонсии зидди фасод 3-юми март дар хабарномае навишт, Саидзода ва Раҳмонзода, ду корманди Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон моҳи июни соли 2025 бо баҳонаи қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ, аз падари як гумонбар 30 ҳазор сомонӣ талаб карда, гирифтаанд.

Аммо ба гуфтаи мақомот, ин ду корманди пулис баъди гирифтани маблағ ба фоидаи падари он фарди боздоштшуда ягон кор накардаанд.

Назари ин ду корманди пулис ва наздиконашон ба иттиҳом маълум нест ва рӯшан нест, ки онҳо дар додгоҳ чӣ гуфтаанд.

Алайҳи ин ду корманди пулис бар асоси моддаи 237 қисми 3-и Кодекси ҷиноӣ ё қаллобӣ ба миқдори калон парванда боз шудааст.

Қонунгузорӣ барои ин иттиҳом то 113 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё то 8 сол зиндонро пешбинӣ кардааст.

Ин бори аввал нест, ки кормандони пулис дар Тоҷикистон барои қаллобӣ ё гирифтани пора дастгир мешаванд.