Боздошти ду афвшуда бо гумони дуздӣ

Раҳоии зиндониён. Акс аз бойгонӣ

Пулиси Душанбе мегӯяд, ду мардеро боздошт кардааст, ки бар асоси қонуни афв озод шуда, лекин боз даст ба ҷиноят заданд.

Дар хабарномаи расмӣ омадааст, Дилшод Раҳматуллоев ва Шокир Исамуддинов ҳамагӣ баъди се рӯз баромадан аз зиндон, ба хонаи як сокини Душанбе даромада, "маблағҳои пулӣ ва дигар ашёи қиматбаҳоро рабудаанд".

Назари ин ду марди боздоштшуда ва наздиконашон ба иттиҳом маълум нест.

Раёсати корҳои дохилии Душанбе гуфтааст, алайҳи ин афрод бо иттиҳоми дуздӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Банди 244-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои ин иттиҳом ҷарима ва ё то панҷ сол зиндонро пешбинӣ мекунад.

Қонуни нави афв дар Тоҷикистон, ки 16-уми июни имсол имзо шуд ва ба иҷро даромад, нисбат ба 18 ҳазор нафар, аз ҷумла зиндониён ва онҳое, ки парвандаашон дар ҳоли баррасист, татбиқ хоҳад шуд.

Тибқи омори расмӣ, то охири июл бар асоси қонуни афв 8 ҳазору 8 нафар аз зиндонҳои Тоҷикистон озод шудаанд.

Навор дар Инстаграм: