Мақомоти Словакия чор шаҳрванди Қазоқистонро бо гумони одамрабоӣ ва тамаъҷӯӣ дар ин кишвари аврупоӣ боздошт кардаанд. Як нафари дигар дар ҷустуҷӯ аст.
Расонаҳои маҳаллӣ рӯзи 23-юми ноябр хабар доданд, ки онҳо аз 18 то 21-сола ва донишҷӯи Донишгоҳи Тренчин ҳастанд.
Жанболат Усенов, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон, гуфтааст, бо наздикони боздоштшудаҳо дар тамос ҳастанд ва ба онҳо “ёрии консулию ҳуқуқӣ” мерасонанд.
Ба гузориши телевизиони TN Live, панҷ ҷавон як сокини шаҳри Тренчинро бо гумони ин ки аз онҳо пул қарз гирифтааст, ҷустуҷӯ карда, ба хонаи модаркалонаш рафтаанд.
“Онҳо худро ходими полис муаррифӣ намуда, хонаро кофтукоб карданд ва марди словакиро дар он ҷо ёфта, эҳтимол задаанд,” – гуфта шуд дар гузориш.
Пиразан шоҳидӣ додааст, ки ҳамлагарон либоси сиёҳе бо рамзи NAKA доштанд. Ин рамзи шуъбаи мубориза бо ҷинояткории созмонёфтаи полиси миллии Словакия мебошад. Вақте зан ба мақомот шикоят карда, аз бадрафтории полис хабар додааст, маълум гардид, ки ин гурӯҳ ҳеҷ рабте ба полис надорад.
Мартин Бурай, вакили дифои яке аз боздоштшудаҳо, ба хабарнигорон гуфтааст, ба зерҳимояи ӯ бо гумони одамрабоӣ ва тамаъҷӯӣ айб эълон шудааст, вале ӯ бо ривояти тафтишот розӣ нест.
Вакил гуфтааст, "дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ аллакай собит шуд, ки ҳодиса онгуна набуд, ки дар қарори эълони айб тасвир шудааст”.
Матбуоти Словакия навиштааст, полис дар ҳоли ҳозир чор нафарро боздошт карда, нафари панҷумро ба ҷустуҷӯ додааст.