Боздошти афсари ВКД бо иттиҳоми куштори як сокини Ванҷ
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Бо гузашти чанд рӯз аз кушта шудани Саломатшо Ғалчаеви 34-сола аз сӯйи як афсари Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ванҷ, мақомот то кунун ҳодисаро шарҳ намедиҳанд. Дар Додситонии ноҳия 19-уми март танҳо гуфтанд, ки воқеа аз сӯйи Додситонии ҳарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тафтиш мешавад.