Онҳо ба зидди нишонагузории сарҳади Арманистон бо Озарбойҷон ҳастанд ва истеъфои сарвазир Никол Пашинянро талаб доранд.
Бар асоси санаде, ки рӯзи 19-уми апрел имзо шуд, Арманистон бояд назорати чаҳор деҳаро, ки аз соли 1990 дар зери назорати Ереван буд, дар ихтиёри Озарбойҷон гузорад.
Сарвазири Арманистон Никол Пашинян гуфтааст, гузаштҳо барои пешгирӣ аз таҷовузи низомии Озарбойҷон алайҳи Арманистон зарур аст.
Тазоҳуроти норозиён дар Арманистон аз рӯзи 9-уми майи имсол идома дорад.
Пулис мегӯяд, рӯзи 13-уми май низ 171 нафарро ба иттиҳоми итоат накардан ба амри маъмурони интизомӣ боздошт, вале дертар раҳо кард.
Вакилони мухолиф дар порлумони Арманистон ваъда додаанд, ки мавзӯи эълони нобовариро ба Никол Пашинян матраҳ хоҳанд кард.