Чанде пеш дар Интернет видеое нашр шуд, ки нишон медиҳад як гуруҳи ҷавонон ҳамсолони худро латукӯб мекунанд. Расонаи "Readovka" навишт, ин гуруҳ гуё "полиси шариат"-ро ташкил карда, ҷавонҳоро барои холкӯбӣ, мӯйи сари дароз ва духтаронро барои либоси "номуносиб" мезаданд.
Гуруҳро нафаре бо номи Давлаталӣ Зоиров, ки соли 2023 шаҳрвандии Русияро дарёфт кардааст, раҳбарӣ мекардааст.
Зоиров баъди он ки видео дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои тундеро ба миён овард бо нашри наворе узр пурсид ва гуфт, "дар Русия таваллуд ва бузург шудаам. Ин кишварро дӯст медорам".
Кумитаи тафтишотии Русия бо банди "авбошӣ" парванда боз кардааст. "Шахсияти ҳамаи гумонбарон муайян шудааст. Онҳо зода ва шаҳрванди Тоҷикистон мебошанд. Ду узви гуруҳ боздошт ва як тани дигар таҳти пайгард қарор дода шудааст", - омадааст дар иттилоияи кумита.