Дар нимаи аввали соли равон, 191 шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир дар хориҷи кишвар дастгир шудаанд. Ҳашт нафар аз инҳо зан будаанд. Ин омор 13-уми июл дар нишасти Оҷонсии назорати маводи нашъаовар садо дод.
Ба қавли манбаъ, аз ин 191 тоҷикистонӣ, 156 нафарашон дар Русия, 12 кас дар Узбекистон, 19 тан дар Қазоқистон ва боқимонда дар Белорус ва Қирғизистон дастгир шудаанд.
Ба омори расмӣ, аз ин шаҳрвандони Тоҷикистон дар умум 35 кг маводи мухаддир мусодира шудааст.
Назари афроди боздоштшуда ва наздиконаш ба қазия маълум нест. Расонаҳои Русия ҳар чанд вақт аз боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир хабар медиҳанд.
Баъзе аз муҳоҷирон, аз ҷумла таксирон ва хаткашонҳо мегӯянд, қурбони туҳмат мешаванд, чун намедонанд дар дохили боре, ки мебаранд чӣ аст.