Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар нимаи аввали соли равон дар ҳудуди кишвар 18 шаҳрванди Афғонистонро бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир дастгир кардаанд.
Дар гузориши тозаи Оҷонсии назорати маводи нашъаовар омадааст, ин 18 афғонистонӣ ба қочоқи 601 килограм маводи нашъаовар гумонзад ҳастанд.
Мустақилона тасдиқ кардани ин маълумот феълан ғайриимкон аст.
Моҳи майи имсол мақомоти Тоҷикистон даҳҳо паноҳҷӯи афғонистониро аз кишвар хориҷ карданд ва гуфтанд, як сабаби ин кор даст доштани онҳо ба қочоқи маводи мухаддир аст. Бархе паноҳҷӯён дар суҳбатҳои бидуни сабт ин иттиҳомро рад карда буданд.
Ба гузориши Оҷонсии назорати маводи нашъаовар, дар шаш моҳи аввали имсол ҳамчунин 6 шаҳрванди Узбекистон, 1 қазоқистонӣ, 2 табааи Қирғизистон ва як шаҳрванди Украинаро бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир дастгир карданд.
Мақомот танҳо гуфтанд, аз ин афрод 91 килограм маводи нашъаовар мусодира кардаанд.
Намояндагони Оҷонсии назорати маводи нашъаовар бо нашри ин омор мегӯянд, "Тоҷикистон яке аз кишварҳои транзитии маводи нашъадор дар самти Масири Шимол"-и Афғонистон боқӣ мемонад.