Дар шаҳри Душанбе даҳ нафарро бо гумони ба дигарон гузарондани ВИЧ ё бемории норасоии масунияти бадан дастгир кардаанд.
Раёсати умури дохилии пойтахт рӯзи 14-уми август гуфт, боздошти ин афрод, ки дар миёнашон занон низ ҳастанд, дар ҳашт моҳи имсол сурат гирифт.
Манбаъ аз касе ном набурда, вале гуфтааст, "гумонбарон беш аз 60 нафарро ба ин вирус гирифтор кардаанд."
Аз ҷумла, ба иттилои Раёсати корҳои дохилии Душанбе, "як зани 25-сола бо зиёда аз 20 ҷавон муносибатҳои маҳрамона барқарор намуда, онҳоро ба вируси норасоии масунияти бадан сироят кардааст."
Ин иттилои расмист ва таҳқиқи мустақилонаи он феълан имконпазир нест.
Мақомот мегӯянд, ба зидди гумонзадҳо бар асоси моддаи 125-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз карда, барои муҳокима ба додгоҳ фиристодаанд. Ба онҳо вобаста аз бахшҳои ин банди қонуни ҷиноӣ то даҳ сол зиндон таҳдид мекунад.
Дар солҳои охир ва пас аз сахттар шудани ҷазо барои дидаву дониста олуда кардани дигарон ба ВИЧ чандин сокини Тоҷикистон бо ҳамин иттиҳом боздошт шудаанд.
Додгоҳи ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон соли 2019 як мардро бо гуноҳи мубтало кардани ҳамсараш ва чанд зани дигар ба вируси норасоии масунияти бадан ба панҷ сол зиндон маҳкум кард.
Соли 2025 дар вилояти Суғд ба зидди беш аз сӣ кас барои сироят кардани дигарон ба вируси норасоии масунияти бадан парванда боз намуданд.
Дар Тоҷикистон беш аз сездаҳ ҳазор шахси олуда ба вируси норасоии масунияти бадан сабт шудааст, ки бештари онҳо мардон будаанд.