"Моддаи 307". Боздошт ва раҳоии писари Зафари Сӯфӣ дар Арманистон

Бобосӯфӣ Рауфӣ

Бобосӯфӣ Рауфӣ, писари Зафари Сӯфӣ, рӯзноманигор ва аз мунтақидони ҳукумати Тоҷикистон, дар Арманистон дастгир ва бо ёрии созмонҳои ҳомии ҳуқуқ раҳо шудааст. Ӯ 32-сола аст ва чанд соли охир ҳамроҳи хонаводааш дар Аврупо кору зиндагӣ дорад.

Зафари Сӯфӣ рӯзи 9-уми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, писараш 18-уми январи имсол ба дидани ҳамсар ва гузарондани моҳи асал ба Ереван рафт, аммо ғайриинтизор дар фурудгоҳ боздошт шуд.

Вай афзуд, мақомоти Тоҷикистон Бобосӯфиро бар асоси моддаи, ба гуфтааш, "бадном"-и 307 (қисми 2)-и Кодекси ҷиноӣ муттаҳам карда, ба ҷустуҷӯ додаанд. Ин банди қонун, ки "узвият дар созмонҳои мамнуъ" аст, асосан нисбат ба норозиёни ҳукумат истифода мешавад.

"Албатта, Худо медонад, ман медонам ва он ноҷавонмардон, ки ин фитнаро алайҳи Бобосӯфӣ роҳ андохтаанд, низ медонанд, ки ӯ ҳеч ҷурме муртакиб нашудааст. Танҳо далели роҳ андохтани ин фитна фарзанди ман будан ва безорияш аз худкомагӣ буду ҳаст," – гуфт ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Ин рӯзноманигори тоҷик мегӯяд, раҳоии писараш дар Арманистон бо фишор ва талоши созмони Helsinki Citizens’ Assembly Vanadzor дар Ереван ва кормандони сафорати Фаронса дар Арманистон имконпазир гаштааст. Ба иттилои ӯ, Бобосӯфӣ Рауфӣ ҳафтуми феврал раҳо шуд ва ба Аврупо баргашт.

"Дар хонаводаи мо як усуле побарҷост, ки огоҳона ба ҳеч гурӯҳе узв намешавем. Ҳадди ақал то имрӯз ин усул риоят шудаву мешавад. Аммо ҳамеша дар тарафи адолат ва ҳамроҳи афроде будему ҳастем, ки новобаста аз узв ё тарафдори кадом ҳизбу гурӯҳ буданашон, аз мардумсолорӣ, ростиву дурустӣ ва каромату шарофат ва ҳуқуқи инсон пуштибонӣ мекунанд," – афзуд Зафари Сӯфӣ.

Зафари Сӯфӣ

Бобосӯфӣ Рауфӣ дар суҳбати кӯтоҳ бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд узви ҳеч гурӯҳ нест, мақомоти Тоҷикистон аз соли 2022 алайҳи ӯ парванда боз кардаанд. "Ин иттиҳом ҳеч асос надорад," -- афзуд вай.

Ӯ Донишгоҳи улуми сиёсиро дар Фаронса хатм кардааст. Пеш аз он унвонҷӯйи дипломатия ва хадамоти консулӣ дар Донишгоҳи давлатии Бишкек буд. Хатмкардаи бахши равобити байнулмилали Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия дар Душанбе аст.

Зафари Сӯфӣ, рӯзноманигори шинохта ва мудири гурӯҳи расонаҳои “Озодагон”, тақрибан даҳ сол боз ҳамроҳи ҳамсару фарзандонаш дар Аврупо қарор дорад. Нашрияи "Озодагон" ва хабаргузории ҳамноми он дар Тоҷикистон баста шудаанд. Ин расонаҳо дар майдони матбуоти Тоҷикистон ҷойгоҳи хос дошта, бештар душвориҳои мардум ва нокомиҳои ҳукуматро ба баҳс мегирифтанд.

Дар бештар аз ним соли охир дафъаи дувум аст, ки зодагони Тоҷикистон бо дархости Душанбе дар марзи Арманистон боздошт мешаванд. Исмоил Холов, як намояндаи мухолифони ҳукумати Тоҷикистон, дар моҳи августи соли 2025 дар сарҳади ин кишвар дастгир ва дертар раҳо гашт.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Боздошт ва раҳоии писари Зафари Сӯфӣ дар Арманистон