Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гапи озод: Дар Тоҷикистон маҳалгароӣ ҳаст ё нест? ВИДЕО


GAPI OZOD

Шумо аз куҷо ҳастед? Аз Хуҷанд, Кӯлоб, Помир ё Ғарм? Ҳамин суолро, ки дар Тоҷикистон одамони ношинос ба якдигар медиҳанд, баёнгари маҳалгароӣ мешуморанд.

Аммо айни суолро миллату қавмҳои дигар ҳам ба якдигар медиҳанд ва барои ҳамин ҷомеашиносон мегӯянд, ин суол баёнгари маҳалгароӣ нест ва муҳаббату наздикӣ ба мардуми зодгоҳи худ як ғариза аст ва дар ҳама ҷой вуҷуд дорад.

Дар шумораи нави "Гапи Озод" дар бораи маҳалгароӣ суҳбат шуд, ки оё ҳаст ё нест? Агар ҳаст, дар байни кадом табақа ҳаст ва чӣ гуна онро метавон нобуд ва ё ҳадди ақал кам кард.

Сайфулло Сафаров, муовини собиқи раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ва муаллифи китобу дастурҳо дар бораи миллатсозӣ ва Зафари Сӯфӣ, хабарнигор ва таҳлилгари тоҷик дар ин бора суҳбат карданд.

Сайфулло Сафаров: "Маҳалгароӣ дар Тоҷикистон вуҷуд дорад, аммо на ба ҳадде ҳаст, ки бар зарари ҷомеа бошад. Ҳамин масъаларо камтар гӯем, беҳтар аст."

Зафари Сӯфӣ: "Маҳалгароӣ дар Тоҷикистон ҳаст ва кам ҳам нест, албатта, бар зарари ҷомеа ҳам ҳаст."

Сайфулло Сафаров: "Ба воситаи матбуот доир ба ягонагии миллӣ, ваҳдати миллӣ, дар бораи ба ҳам омадани минтақаҳои гуногун гӯем. Ин беҳтар аз он аст, ки мо ҷудо кунем дар ҳамин замон."

Зафари Сӯфӣ: "Одам ҳар қадар нишонаҳои бемориро пинҳон кунад, беморӣ музмин ва кушанда мешавад, дар дарозмуддат, решаҳояшро бояд ёфт, ки чаро дар ин кишвари кӯчаки мо то имрӯз маҳалгароӣ вуҷуд дорад."

Бақияи баҳсро худатон бубинед:

Баҳси решакан кардани маҳалгароӣ дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:30:00 0:00

Барномаро дар Ютуб тамошо кунед:

Дар Фейсбук ҳам дида метавонед:

XS
SM
MD
LG