Боздиди як намояндаи баландпояи Иттиҳоди Аврупо аз Тоҷикистон 

Йозеф Сикела, комиссари Иттиҳоди Аврупо дар умури шарикии байнулмилалӣ

Нишасти навбатии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ баҳори соли 2027 дар Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд. Йозеф Сикела, комиссари Иттиҳоди Аврупо дар умури шарикии байнулмилалӣ, дар ин бора иттилоъ дод.

Ӯ, ки бо сафари расмӣ ба Душанбе омадааст, рӯзи 9-уми ноябр ва пас аз мулоқот бо раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон гуфт, равобити миёни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистону кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ “амиқ, муҳим ва стратегӣ” мешавад.

Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон дар баёнияе гуфт, ки ду ҷониб ҳамкориҳоро дар бахши энержӣ ва иқтисоди “сабз”, дигаргуншавии иқлим, нақлиёту долонҳои минтақавӣ ва бозорҳои Аврупо баррасӣ карданд.

Комиссари Иттиҳоди Аврупо дар умури шарикии байнулмилалӣ дар як паёми ҷудогона ба Радиои Озодӣ гуфт: "Барои намуна, тарҳи нерӯгоҳи барқи обии "Роғун", ки барои Тоҷикистон аҳамияти миллӣ дорад, яке аз лоиҳаҳои асосии стратегияи сармоягузории "Global Gateway"-и Иттиҳоди Аврупо мебошад. Мо онро якҷоя бо Бонки сармоягузории Аврупо пеш бурда истодаем. Иттиҳоди Аврупо маблағгузории ин лоиҳаро омода мекунад."

Йозеф Сикела ва Эмомалӣ Раҳмон

"Себзор, лоиҳаи навбатии барқи обие, ки аллакай барои 430 000 аҳолии Тоҷикистон нерӯи барқ медиҳад, намунаи дигар аст. Ин маънои рӯшноӣ барои хонаводаҳо, нерӯи барқ барои мактабҳо ва беморхонаҳо, ҳамчунин барои тиҷорат дорад. Энергияи тоза ва ҳамаи чизе, ки ба устуворӣ ва муҳити зист алоқаманд аст, барои Иттиҳоди Аврупо аҳамияти ниҳоят муҳим дорад. Аммо самтҳои дигар ҳастанд. Масъалаи нақлиёт дар аст, ки дар он Тоҷикистон, бахусус дар доираи Долони Миёна (Транскаспий) метавонад нақши бисёр муҳим бозад," -- афзуд Йозеф Сикела.

Маълум нест, оё дар дидору мулоқоти намояндаи баландпояи аврупоӣ бо раҳбари Тоҷикистон мавзӯи ҳуқуқи башар ва озодии баёну хабарнигорони зиндонӣ матраҳ шуд ё на.

Ин дар ҳолест, ки дар ҷаласаи рӯзи 5-уми ноябр дар Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал (Женева) маҳз дипломатҳои кишварҳои аврупоӣ аз Тоҷикистон мурооти ҳуқуқи инсонро тақозо карданд.

Дар ин ҷаласа аз Тоҷикистон тақозо шуд, ки омилони саркӯби эътирозҳоро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар солҳои 2021-2022 ба ҷавобгарӣ кашида, хабарнигорони зиндониро билофосила озод кунад.

Инро ҳам бинед:

"Сахту душвор". Баҳои Аврупо ба вазъи озодӣ ва ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон

Иттиҳоди Аврупо дар бештар аз 35 сол дар доираи тарҳҳои гуногун ба Тоҷикистон дастикам як миллиарду дусад миллион евро кумак кардааст. Ба ҷуз ин, ба гуфтаи мақомоти Иттиҳоди Аврупо, Тоҷикистон аз барномаҳои минтақаӣ ва сармоягузориҳо, аз ҷумла ташаббусҳое, ки тавассути барномаи Global Gateway сарморягузорӣ мешаванд, низ баҳра мегирад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Аврупо дар талоши сармоягузории 2 миллиард евро ба долони нақлиётӣ