Як марзбони дигари тоҷик ғарқ шудааст

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Як афсари Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ҳангоми оббозӣ дар канори дарёи Панҷ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ғарқ шуда, ҷон додааст. Мақомот ҳеч иттилоъ намедиҳанд. Як манбаи Радиои Озодӣ рӯзи 12-уми август бо шарти фош нашудани номаш гуфт, “капитан Ҷаҳонгир Давлатов 26 сол дошт”.