Борис Кимёгаров дар аксҳо

Саҳнаи марги Сӯҳроб аз рӯи филми "Рустаму Сӯҳроб". Дар акс: режиссер Борис Кимёгаров ва ҳунарпешаҳо Бимбулат Ватаев ва Ҳошим Гадоев

Дар мақбараи Фирдавсӣ. Эрон, соли 1978  

Нақши Таҳминаро дар филми "Рустаму Сӯҳроб" ҳунарпешаи ӯзбак Светлана Норбоева бозӣ кардааст

Сайрам Исоева нақши Гурдофаридро бозидааст

Режиссер Давлат Худоназаров (аз чап) дӯст ва шогирди Борис Кимёгаров буд

Саҳнае аз филми Б.Кимёгаров "Қисмати шоир". Нақши Рӯдакиро Марат Орипов (аз рост) бозидааст 

Духтари режиссер Лилия Кимёгарова бо набераи калониаш Лиам дар Тел-Авив зиндагӣ мекунад

Лилия Кимёгарова ва духтараш Анна

Анна ва ҳамсараш дар Исроил зиндагӣ мекунанд

Анна бо писараш Лиам ва духтараш Мила

Коргардони маъруфтарини “Тоҷикфилм” Борис Кимёгаров, агар зинда мебуд, 95-сола мешуд. Муаллифи маъруфтарин филмномаҳо аз рӯи “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ соли 1979 дар 59-солагӣ даргузашт. Аз рӯи қиссаҳои “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ дар маҷмӯъ дар фосилаи солҳои 1961 то 1976 Борис Кимёгаров чаҳор филми бадеӣ бардоштааст, ки баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон чун инқилобе дар санъати филмсозии Тоҷикистони шӯравӣ арзёбӣ шуд. Инҳо: “Ливои оҳангар”, “Достони Рустам”, “Рустам ва Сӯҳроб” ва “Достони Сиёвуш”.