Бонки осиёии Рушд барои назорати пирхяҳо ба Тоҷикистон грант медиҳад

Бонки рушди Осиё барои назорати беҳтари пиряхҳо ва пешбинии офатҳои табиӣ ба Тоҷикистон 3 миллион доллар грант ё маблағи бебозгашт медиҳад.

Ин бонк 18-уми декабр дар хабарномае навишт, маблағ аз сӯи Фонди ҷопонии рушди Осиё ҷудо мешавад.

Ко Сакамото, намояндаи доимии Бонки осиёии Рушд дар Тоҷикистон гуфтааст, "пиряхҳо ва барф барои таъмини об барои хоҷагии қишлоқ ва тавлиди барқ муҳим ҳастанд ва обшавии босуръати пиряхҳо метавонад пайомадҳои ҷиддӣ дошта бошад".

Ба гуфтаи Сакамото, дар доираи тарҳи нав мутахассисони Тоҷикистон дастгоҳ ва донишҳои нав мегиранд, ки ба онҳо кумак мекунад дар пешбинӣ ва вокуниш ба ин таҳдидҳо беҳтар амал кунанд.

Қарор аст тарҳи нав то соли 2029 ва аз сӯи Оҷонсии гидрометерология амалӣ карда шавад. Бахши асосии лоиҳа дар минтақаҳои алоҳидаи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон иҷро мешавад.

Тоҷикистон, ки 93 дарсадашро куҳсор ташкил медиҳад, солҳои ахир аз обшавии босуръати пиряхҳо нигаронӣ дорад.