Дар қарори Шӯрои Аврупо аз рӯзи 23-уми апрел, ки бастаи нави таҳримот ба зидди Русияро эълон кард, омадааст, ки номи «Спитамен Бонк», «Душанбе Сити Бонк» ва «Коммерсбонки Тоҷикистон»-ро аз феҳрасти муассисаҳои молии таҳти таҳрим пок кунанд.
Иттиҳоди Аврупо гуфтааст, сабаби аз феҳраст берун кардани чанде муассисаҳои таҳти таҳрим натиҷаи муколама бо кишварҳои саввум дар бораи риояти таҳримот аст ва ҳадаф ҳам тағйир додани рафтори он муассисаҳоест, ки ба Русия дар ҷанги Украина аз ҳар роҳе кӯмак мекунанд.
Бонки миллии Тоҷикистон ҳам ин корро "натиҷаи муколама ва ҳамкориҳои мақомот бо шарикони аврупоӣ" номидааст.
Дар баёнияи Бонки миллӣ омадааст, ки тасмими Иттиҳоди Аврупо “натиҷаи мустақими густариши ҳамкориҳои вазорату идораҳо бо Комиссияи Аврупо, татбиқи пайгиронаи стандартҳои байналмилалии мутобиқат ва таҳкими низоми мубориза бо қонунигардонии даромадҳои аз роҳи ҷиноят бадастомада арзёбӣ мегардад.”
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Аврупо се бонки Тоҷикистонро аз феҳристи таҳримҳо берун кард
Иттиҳоди Аврупо рӯзи 23-уми сентябри соли 2025 ҳаргуна муомилоти молӣ бо “Спитаменбонк”, “Душанбе сити бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон”-ро мамнӯъ эълон кард, зеро ба гуфтаи иттиҳод, ин бонкҳо “аз роҳи канор задани маҳдудиятҳои содиротӣ, аз ҷумла компютер, абзорҳои идораи мошин, бесарнишинҳо ва дигар молҳо ва технологияҳои нав ғайримустақим ба тақвияти тавоноии артиши Русия саҳм мегиранд.”
Томаш Востовски, коршиноси умури таҳримҳои аврупоӣ
Томаш Востовски, коршиноси умури таҳримҳои аврупоӣ дар шарҳи қарори ахир ба Радиои Озодӣ чунин гуфт:
“Берун кардани се бонки Тоҷикистон аз феҳраст ва монеъ шудан ба шомил кардани яке дигар аз бонкҳои Тоҷикистон ба феҳрасти таҳримот, ки Комиссиюни Аврупо пешниҳод кард, нишон медиҳад, ки бонкҳои мазкур ва мақомоти Тоҷикистон чораҳои ҷиддиеро андешидаанд. Чораҳое, ки муомила бо афрод ё онҳоеро, ки таҳти таҳрими Иттиҳоди Аврупо қарор доранд ва таҳримҳоро давр мезананд, имконнопазир мекунад. Мақомоти Иттиҳоди Аврупо ошкоро эътироф кардаанд, ки ва онро иқтибос мекунам, ин муассисаҳо табдирҳоеро андешидаанд, ки холигоҳҳои мавҷудро рафъ ва фаъолиятҳои ғайриқонуниро қатъ кардааст. “
Таҳримот муомилоти бонкҳои тоҷикӣ бо шарикони аврупоӣ ва дигар муассисаҳои хориҷиро мушкил кард. Пойгоҳи хабарии "Pamir Inside" навиштааст, ки ҳарсе бонк гӯё ба наздикони Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон тааллуқ доранд. Баъди таҷовузи Русия ба хоки Украина дар соли 2022 ширкати “Газпромнефт-Тоҷикистон” низ дар феҳрасти ширкатҳои таҳти таҳрим шомил шуд. Ин ширкат яке аз таъминкунандагони асосии сӯзишворӣ дар Тоҷикистон аст.