"Бохтарӣ" як сол зиндонӣ шудааст

Идибеки Мардон, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо номи "Бохтарӣ" саҳифа дорад, ба як сол зиндон маҳкум шудааст.

Ҳукми Додгоҳи шаҳри Бохтар ҳафтаи гузашта содир шуда, то ҳол қувваи қонунӣ нагирифтааст. Ба ҳамин далел, намояндагони додгоҳ аз суҳбат дар ин бора худдорӣ карданд.

Аммо як манбаи огоҳ 9-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, додгоҳ Идибеки Мардонро дар "истифодаи зӯроварӣ нисбат ба намояндаи ҳокимият" гунаҳкор кард. Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои ин иттиҳом то 37 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё то 2 сол зиндонро пешбинӣ кардааст.

Маълум нест, ки "Бохтарӣ" то куҷо иттиҳомро қабул кардааст ва оё аз болои ҳукм шикоят мебарад ё не. Талошҳои Радиои Озодӣ барои сӯҳбат бо вакили дифоъ ва наздикони Идибеки Мардон бенатиҷа буд.

Идибеки Мардон моҳи феврали имсол баъди бозгашт ба Тоҷикистон дастгир шуда буд. Ӯ моҳи сентябри соли гузашта дар як навор Абдулмаҷид Муминзода, раиси шаҳри Бохтар ва наздиконашро дашном дода, таҳдид кард, ки наворҳои онҳоро пахш мекунад.

Баъд аз пахши он видео Идибеки Мардон аз Тоҷикистон рафт, вале бо дархости додситонӣ қарори ҳабси ӯ ғоибона аз сӯи додгоҳ содир шуда буд.

Идибеки Мардон дар шабакаҳои иҷтимоӣ борҳо аз мақомоти Тоҷикистон ситоиш карда, ба мухолифони ҳукумат дар Аврупо ҳамлаҳои лафзӣ мекард.