Таъйини андози сайёҳӣ ва таъсиси ниҳоди наве бо номи “Фонди рушди сайёҳӣ" дар Тоҷикистон боиси норозигии бархе аз ширкатҳои туристӣ гаштааст. Онҳо мегӯянд, баланд шудани нарх муштариён ва даромадашонро кам хоҳад кард.
Бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 1 июли имсол дар назди Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон Фонди рушди сайёҳӣ таъсис ёфт ва акнун ширкатҳои сайёҳӣ бояд ба ҳар баста (ё турпакет) барои сайёҳони ватанию хориҷӣ пардохти ҳатмии 5-фоизаро илова кунанд.
Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумахонзода ҳамзамон Шӯрои бунёди нав буда, чанде аз роҳбарони мақомоти дахлдор ва намояндаҳои бахши хусусӣ узви онанд. Аммо номи аъзои шӯрои 13-нафара расонаӣ нашудааст. Радиои Озодӣ рӯзи 24-уми август бо почтаи электронии кумита ба номи Ҷумахонзода пурсишҳои худро дар бораи фаъолияти ин фонд ирсол намуд, вале то замони нашри ин гузориш посухе дарёфт накард.
Фонди нав ва пардохтҳо
Бар пояи қарори Ҳукумати Тоҷикистон, сармояи Фонди рушди сайёҳӣ барои сохтмон ва беҳбуди зербиноҳои ҷаҳонгардӣ, парвариш ва кумаки иҷтимоӣ ва кормандони соҳа, беҳбуди хадамоти сайёҳӣ, муаррифӣ ва тарғиби имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон, таҳқиқи соҳа ва пешниҳоди навовариҳо харҷ карда мешавад.
Андози иловагии 5-дарсадӣ аз фурӯши баста ё турпакетҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистон яке аз манбаъҳои даромади фонди нав хоҳад буд. Ҳамчунин пардохтҳои ҷаҳонгардони хориҷӣ барои ҳар шабонарӯзи зиндагӣ дар Тоҷикистон, ҷаримаҳо барои напардохтани ин боҷ, маблағи иҷозатномаҳои хадамоти туристӣ ва ҳамчунин гранту ёриҳои пулии созмонҳои байналмилалӣ ба ин хазина ворид мешаванд.
“Бар зарари мо ва ҳам буҷаи давлат мешавад”
Дар як муроҷиате ба Радиои Озодӣ раҳбари як ширкати собиқадори сайёҳӣ гуфт, таъсиси Фонди рушди сайёҳӣ ва ҷорӣ шудани пардохтҳои ҳатмии иловагӣ аз муштариён мавриди интиқоду норизоияти ӯ ва ҳам дигар ҳамкоронаш аз ширкатҳои хусусии ҷаҳонгардӣ шудааст. Ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ бо далели эҳсоси ноамнӣ аз кори ояндааш хост, номи ӯву ширкаташ фош нашавад.
Ин мудири ширкат аз шаҳри Душанбе, ки гуфт, нигарониҳои бисёре аз ҳамкасбонашро баён мекунад, гуфт: “Қарори таъсиси фонд, албатта, таъсири манфӣ мерасонад”. Ӯ афзуд, бо раҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ баъди содир шудани қарори ҳукумат ҷаласае барпо гардид. “Ба мо супориш доданд, ки аз болои нархи баста (турпакет) боз 5% ҷамъ карда, ба муштарӣ пешниҳод намоем, новобаста ба он ки сайёҳи аз хориҷа меомадагӣ аст ё сайёҳони ватание, ки ба хориҷа сафар карданӣ ҳастанд”.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Табиати зебо, мардуми меҳрубон, гарду ғубор ва интернети суст...Тоҷикистон аз диди сайёҳонӮ гуфт, «Бе ин ҳам 50 дарсади мардуми мо на аз ширкатҳои ватанӣ, балки аз ширкатҳои Узбекистон бастаҳои ҷаҳонгардӣ харидорӣ менамоянд, чунки қариб ба ҳамаи самтҳо парвозҳояшон аз Узбекистон аст. Чиптаҳои ҳавопаймо ҳам аз он кишварҳо арзонтар аст. Мо аллакай бисёр муштариҳои доимии худро гум кардем. Ва бо ҷорӣ кардани пардохти нав, бовар дорем, ки 30-40 дарсади дигари онро ҳам гум мекунем. Чунки бо иловаи 5-дарсадӣ нархи баста хеле гарон мешавад».
Ӯ ба унвони мисол гуфт, одатан шаҳрвандон барои сафарҳои ҷаҳонгардӣ танҳо не, оилавӣ мераванд ва аз ин хотир, хароҷот чанд бор бештар мешавад. «Масалан, бинед, агар як турпакет 1000 доллар аст, ба иловаи 5%, яъне 50 доллар, 1050 доллар мешавад. Як оила аз 5 нафар иборат бошад, нархи турпакете, ки ду моҳ пеш 5000 доллар буд, 5250 доллар шуд. Моҳи ҷорӣ як чунин оилае, ки муштарии доимии мо буд, гуфт, рафта пурра турпакети навро аз Тошканд мехарад ва он барояш хеле арзонтар хоҳад афтод». «Бо чунин ҳол, худи соҳаи туризм дар Тоҷикистон метавонад фалаҷ шавад», гуфт ин мудири ширкат.
Ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ ҳамчунин гуфт, дар миёни кормандони соҳа нисбати шаффофияти кори Фонди рушди сайёҳӣ ҳам як шубҳае вуҷуд дорад, чун, ба гуфтаи ӯ, онҳо зиёд бовар надоранд, ки маблағҳои ҷамъшуда воқеан ҳам ба рушди соҳа равона мешаванд. “Як саволи дигар ин аст, ки таъини пардохти 5-фоиза бар асоси чӣ сурат гирифтааст, чаро 1 фоиз не, ақаллан?”
Нигаронии ин собиқадори соҳаи туризм аз он аст, ки «Агар муштариҳои боқимондаамонро гум кунем, савдо намешавад, савдо ки нашуд, дигар намудҳои андозро ҳам супорида наметавонем, ин ҳам бар зарари буҷаи давлат аст».
Як нигаронии дигар ин аст, ки «кадом ниҳоди давлатӣ кори Фондро назорат мекунад ва қарорҳои он бар асоси кадом қонун назорат мешаванд?» Мудири ширкат гуфт, мушкили асосӣ ин аст, ки дар ин шабурӯз аз Тоҷикистон асосан се самти мустақими парвозҳои туристӣ ба хориҷа вуҷуд дорад, ки яке Туркия ва дигаре Дубай мебошад ва мардум бо ин самҳо бештар оилавӣ сафар мекунанд.
«Туристи хориҷӣ мехоҳад ҳосили пули сарфкардаашро бинад»
Радиои Озодӣ аз як ҷаҳонгарди хориҷӣ, ки бо шароити туристии Тоҷикистон хуб ошно аст, пурсид, назари ӯ ба ҷорӣ шудани пардохтҳои иловагии ҳатмии туристӣ дар ин кишвар чӣ аст. Андреа Константино, блогер ва сайёҳи филиппинӣ назарашро чунин баён кард:
“Ба бовари ман, эҷоди Фонди рушди сайёҳӣ метавонад қадами мусбате бошад, ба шарте, ки маблағҳои бадастомада воқеан ҳам барои рушди туризм сарф шаванд. Вале ман ба ҷорӣ кардани хароҷоти иловагӣ барои туристони хориҷӣ боэҳтиёт амал мекардам, чун Тоҷикистон мехоҳад меҳмонони бештарро аз хориҷа ҷалб кунад. Кишвар имкониятҳои азими туристӣ дорад, вале мушкилоте мисли дастрасӣ ба маҳал, инфрасохтор, иттилоърасонӣ, системаи иҷозатдиҳӣ ва муаррифӣ дар саҳнаи байналмилалӣ вуҷуд доранд. Мехостам, ки бо ҷорӣ шудани пардохтҳои нав масъулон дар заминаи беҳбуди вазъ дар ҳамин соҳаҳову шаффофият дар масоили хароҷоти маблағҳо уҳдадории иҷрои онро ҳам ба гардан мегирифтанд. Туристони хориҷӣ одатан омода ҳастанд, ки чунин пардохтҳоро анҷом диҳанд ва бидонанд, ки дар иваз ҳадаф ва арзиши маблағи сарфкардаашонро ҳам бо чашми сар бубинанд”.
“Чандон одилона нест”
Анна Камински, хабарнигоре, ки барои сомонаи Lonely Planet дар мавзӯи саёҳат, аз ҷумла сафар ба Осиёи Марказӣ гузоришҳо менависад, дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҷорӣ шудани пардохтҳои иловагӣ барои туристони маҳаллиро дар Тоҷикистон “одилона” намешуморад. Ӯ дар як сӯҳбати видеоӣ бо Радиои Озодӣ гуфт:
“Аз назари ман чунин қарор дар нисбати сайёҳони дохилӣ чандон одилона нест. Ман ёд дорам, ки Тоҷикистон як андози бисёр хоксоронае дар ҳаҷми каме бештар аз якуним доллар барои ҳар шаб дар меҳмонхонаҳо ҷорӣ карда буд. Ҳоло ширкатҳои ватанӣ мегӯянд, ки чунин қарор онҳоро дар ҳолати баде мегузорад, чунки даромади онҳо хеле кам мешавад. Онҳо ба ҳар бастаи туристии худ як миқдор маблағи хеле каме илова карда, мефурӯхтанд ва ҳоло ҳамин чизро аз даст медиҳанд ва ба тиҷорати онҳо зарба мезанад ва зербинои соҳаи туризмро беҳтар намекунад. Ман ҳам дар ҳайратам, ки чаро чунин карданд. Ин ҷо воқеан ҳам мавзӯи шаффофият муҳим аст. Дар кишварҳое, ки андози туризм дуруст ба роҳ монда шудааст, меҳмонҳо мебинанд, ки пули онҳо ба куҷо меравад. Тоҷикистон ҳам бояд чунин бикунад."
Ба савол дар бораи намунаҳои муваффақи истифодаи андоз аз туризм дар кишварҳое монанд бо табиату имкониятҳои туристии Тоҷикистон, Анна Камински гуфт: «Дар мисоли татбиқи бомуваффақияти андози туристӣ мешавад аз ҷазираҳои Болиёри Испания ёдовар шуд. Ин ҷо андоз аз туризм, ки онро меҳмонхонаҳо ҷамъ мекунанд, барои ҳифзи муҳити зист, барномаҳои фарҳангӣ, фаъолиятҳои саргармкунанда, ҳамчунин барои кӯмак ба мардуме равона мешавад, ки фақат кори мавсимӣ доранд. Яъне ин пул барои беҳбуди зиндагии ин мардуми маҳаллӣ равона мешавад. Дар Исландия ҳам андоз аз иҷора барои дастгирии маконҳои табиии туристӣ меравад, чунки муҳити зист қисми муҳими бахши туризми ин ҷоро ташкил медиҳад. Инчунин барои тавсеа додани маконҳои диданӣ, то ки мардуми зиёд дар як ҷо ҷамъ нашаванд. Бовар дорам, дар Тоҷикистон маҳаллу ҷойҳои зебо ва арзишманди фарҳангӣ зиёд аст ва ба назарам, як кори воқеӣ мешавад, агар мавҷи туристонро бо нархи як каме баландтар қабул кунанд ва бо ин пул маконҳои таърихиву муҳити зистро нигоҳубин карда ва хеле муҳим тиҷорати маҳаллиро дастгирӣ намоянд, масалан, соҳибони меҳмонхонаҳои хусусиро. То куҷо ин кор дар як кишваре имконпазир аст, ки он ҷо сатҳи фасод баланд аст, ин масъалаи дигар аст. Албатта, имконият зиёд аст, масъалаи асосӣ ин аст, ки чӣ гуна амалӣ мешавад».
Ҷамшед Ҷумахонзода: “Шумори туристонро ба 2,5 миллион мерасонем”
Ҳукумати Тоҷикистон ҷалби бештари сайёҳонро яке аз бахшҳои муҳим номида, барномаи нави рушди туризми дохилиро барои солҳои 2027-2031 эълон кардааст.
Рӯзи 9 сентябр Ҷамшед Ҷумахонзода, раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон дар мусоҳиба ба хабаргузории расмии “Ховар” чизе дар бораи кори Фонди нави рушди сайёҳӣ нагуфтааст. Ӯ танҳо аз дастовардҳои ин соҳа дар ҷашни 35-солагии истиқлолият ситоиш карда гуфтааст, кт “ислоҳоти муҳимме амалӣ карда шуд. Сиёсатгузории дуруст дар ин соҳа тавонист боиси афзун гаштани даромади мамлакат ва боло рафтани мақоми байналмилалии Тоҷикистон гардад”.
Ба гуфтаи ӯ, агар соли 2017 ба Тоҷикистон 431 ҳазор сайёҳи хориҷӣ омада бошад, пас дар соли 2025 шумораи онҳо ба 1 миллиону 784,4 ҳазор нафар расидааст. Ҷумахонзода дар он мусоҳибааш гуфтааст, ҳадафи стратегии онҳо то соли 2030 то 2,5 миллион нафар дар сол зиёд намудани шумори сайёҳон ва то 8% расонидани саҳми сайёҳӣ дар Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ мебошад. Вале ӯ нагуфт, дар як ё ду соли охир соҳаи туризм ба буҷаи кишвар чӣ маблағеро ворид кардааст.