Бо вуҷуди оташбас, ҳамлаҳои Русия ба хоки Украина идома меёбад

Акс аз бойгонӣ

Бо вуҷуди оташбаси серӯзае, ки Русияву Украина бо миёнҷигии ИМА эълон кардаанд, дар як шабонарӯзи гузашта ҳамлаҳои нави артиши Русия ба қаламрави Украина сабт шудааст.

Талафоти ҷонӣ ҳам вуҷуд дорад. Александр Прокудин, волии Херсон гуфт, дар натиҷаи ҳамлаҳои Русия ду нафар куштаву ду нафар захмӣ шудаанд. Шаби душанбе ҳамлаи паҳподҳо дар ноҳияи Никополскии вилояти Днепропетровск ба қайд гирифта шуд. Ба гуфтаи раиси ин вилоят Александр Ганжа, дар ин ҳамлаҳо як ошхонаи тобистонаву як иншооти ёрирасоне оташ гирифтааст.

Дар ҷабҳа ҳам задухӯрдҳо давом дорад. Ба иттилои Ситоди кулли артиши Украина, то субҳи 11 май тахминан 180 ҳамла ба қайд гирифта шудааст. Ҳамлаҳои густурсаву пуршиддате мисли рӯзҳои пешин дар самти Покровск, Гуляйполе ва Лиман ба вуқӯъ пайваст.

Рӯзи 10 май президенти Украина Владимир Зеленский гуфт, ки дар рӯзи дуюми оташбас Русия ҳеҷ ҳамлаи ҳавоӣ ё мушакие ба хоки Украина анҷом надод ва украиниҳо ҳам айни чунин корро кардаанд. Айни замон, ба гуфтаи Зеленский, дар хатти ҷабҳа вазъ ором набуд ва низомиёни рус ҳуҷумҳои худро давом медоданд. Рӯзи 8 май президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, ки дар миёни Русия ва Украина оташбаси серӯза ҷорӣ шуд ва қарор аст то 11 май давом кунад. Трамп гуфт, ин оташбас ҳамчунин табодули зиндониҳоро аз рӯи нақшаи 1000 ба 1000 дар назар мегирад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Арзёбии нави талафоти Русия дар ҷанг: 352 ҳазор сарбоз кушта шудаастМувофиқати Киев ва Маскав ба оташбаси серӯза ва мубодилаи 1000 асир