Исми ҷабрдида нашр намешавад, вале бархе матбуот ӯро чун марди мусулмонтабори сокини Русия муаррифӣ кардаанд. Ба навиштаи ТВ "Настоящее время", вакили дифои ҷабрдида полиси шаҳри Видное дар вилояти Маскавро дар ин ҷиноят айбдор медонад.
Вакил Сергей Узденский ба сомонаи "Осторожно, новости" гуфтааст, ходимони полис давоми се рӯз маҳалли будубоши зерҳимояи ӯро пинҳон доштанд ва танҳо баъди талошҳои зиёду ҷалби хадамоти ёрии изтирорӣ ӯро пайдо карда тавонистанд.
Марди ҷабрдида нақл кардааст, ки се ходими полис ба узвҳои бадани маҳрамонааш электрошокер гузошта талаб мекарданд, ки телефонашро боз кунад. Баъди ин, чӯби поккунӣ ё швабраро аз сӯрохии пушташ ворид кардаанд.
Узденский гуфтааст, ки озмоиши тиббии бадани зерҳимояаш ин иттиҳомро собит кард. Тамоми баёноти ҷабрдидаро вакил ба видео сабт карда ба Кумитаи тафтишот супурдааст. “Вай як мардикори оддӣ аст, ифротгаро ё шахси мазҳабӣ ҳам нест. Фақат барои тирпаронӣ ба ҷои тирандозӣ рафта, он ҷо бо силоҳ дар даст акс гирифтааст. Баъди ин ходимони полиси Видное ӯро ёфтанд”.
Мард дар боздоштгоҳ мемонад ва мурофиаи додгоҳии ӯ барои маълум кардани сарнавишти баъдиаш 27 январ барпо мешавад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
На хӯрок медиҳанд, на дору. Вазъи бади муҳоҷири тоҷик бо се кӯдак дар боздоштгоҳи РусияСе зодаи Тоҷикистонро аз шаҳрвандии Русия маҳрум карданд"Нерӯҳои ОМОН ҳуҷҷатҳоро надиданд, вале ҳама ҷойро вайрон карданд"