Bloomberg: Трамп ва Путин эҳтимол то охири феврал мулоқот кунанд

Доналд Трамп ва Владимир Путин. Акс аз бойгонӣ

Раҳбарони Амрико ва Русия, мумкин аст, то охири моҳи феврали имсол дар Арабистони Саудӣ мулоқот кунанд.

Дар ин бора хабаргузории “Bloomberg” бо такя ба манобеаш рӯзи 15-уми феврал иттилоъ дод.

Ба навиштаи хабаргузорӣ, намояндагони баландпояи ду кишвар барои омодагӣ ба ин мулоқот ҳафтаи оянда дар Арабистони Саудӣ вомехӯранд. Мавзӯи асосии суҳбат ҷанг дар Украина хоҳад буд.

“Bloomberg” навиштааст, имкони ҳузури намояндагони Украина дар ин мулоқот вуҷуд дорад, аммо Киев ҳанӯз аз ҷузъиёти гуфтушунид огоҳ нест.

Намояндагони Кохи Сафед ва Кремл хабари “Bloomberg”-ро шарҳ надодаанд.

Хабаргузории “Reuters” аз қавли Майкл Маккол, намояндаи Конгресс, навишт, ки ҳайати амрикоӣ ҳафтаи оянда ба Арабистони Саудӣ меравад. Ҳам барои мулоқот бо намояндагони Русия ва Украина ва ҳам барои нақшарезии мулоқоти Доналд Трамп ва Владимир Путин.