Блогерони тоҷик дар соли 2025-ум 12,8 миллион сомонӣ ё 1,3 миллион доллар даромад гирифтаанд.
Намояндагони Кумитаи андози Тоҷикистон рӯзи 13-уми феврал дар нишасти хабарӣ гуфтанд, блогерон соли гузашта ба давлат 2,4 миллион сомонӣ ё 257 ҳазор доллар молиёт супориданд.
Молиёти супоридаи блогерон назар ба як соли пеш 97,3 ҳазор сомонӣ ё 10 ҳазор доллар камтар будааст.
Тасдиқи ин рақамҳо аз манобеи мустақил имконпазир нест.
Бино ба омори расмӣ, феълан 119 нафар ҳамчун блогер дар Кумитаи андоз сабт шудаанд.
Сабтиноми блогерҳо дар Тоҷикистон соли 2020 сар шуд.
Мақомот ба ин бахш замоне таваҷҷуҳ карданд, ки сафи блогерон барои гирифтани даромад афзуд.