Блогере аз Самарқанд аз ҳукми Додгоҳи олии Узбекистон розӣ нест

Баҳодур Ҳасанов

Блогери сокини Самарқанд Баҳодур Ҳасанов гуфт, аз ҳукми Додгоҳи олии Узбекистон дар бораи шикояташ аз рафтори ғайриқонунии ходимони полис розӣ нест.

Баҳодур Ҳасанов, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Фейсбук, бештар мушкилоти иҷтимоиву маишии мардуми Самарқандро бозтоб медиҳад, аз он норозӣ аст, ки бо ҳукми Додгоҳи олии Узбекистон аз 13 январи имсол қарори Додгоҳи ноҳияи Самарқанд бетағйир мондааст. Ӯ гуфт, ба нишони эътироз аз ин ҳукм ӯ ва аъзои оилааш омода ҳастанд даст ба гуруснанишинӣ зананд.

Додгоҳи олии Узбекистон дар як қароре гуфт, баъди баррасии аризаи даъвоии Баҳодур Ҳасанов, қарори додгоҳи ноҳияи Самарқандро “барои иҷро ирсол мекунад”.

Ҳасанов тирамоҳи соли 2024 гуфт, мавриди тӯҳмати як зани ношиносе ва ҳам латукӯби кормандони Шуъбаи умури дохилии Самарқанд қарор гирифт. Ӯ гуфт, ҳатто баъди нашри видеои ин ҳодиса мақомот ходимони полисро ҷазои муносиб надоданд. Дар як изҳороти видеоиаш тавассути Фейсбук аз президент Шавкат Мирзиёев низ додхоҳӣ карда буд.

Ӯро моҳи сентябр бо гумони “авбошӣ ва таҳқир” боздошт, ҳудуди 200 доллар ҷарима ва даҳ рӯз аз озодӣ маҳрум карданд.

Баҳодур Ҳасанов писари хабарнигори нашрияи “Овози тоҷик” Зоҳир Ҳасанзода дар матолибаш одатан дар бораи мушкили роҳҳо, беобӣ, сохтмонҳои хилоф бо муқаррарот ё роҳбандиҳо дар Самарқанд матолиби танқидӣ нашр мекунад.

Дар Узбекистон дар давраи Шавкат Мирзиёев даҳҳо хабарнигор ва блогерҳои мустақил барои интиқод аз ҳукумат мавриди таъқиб, аз ҷумла азияту озор ва ҳабс қарор дода шудаанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Зани даъвогар дар куҷост?" Талаби Баҳодур Ҳасанов аз мақомоти интизомӣБлогери фаъол дар Самарқанд баъди 10 рӯз озод шудБлогери фаъолро дар Самарқанд ҷазо доданд"Кӯшиши табаддулот" – "Баҳона барои нобуд кардани мунтақидон"