Бисёре аз муҳоҷирон гуфтаанд, ними даромади худро ба ватан мефиристанд

Маскав. Акс аз соли 2021

Як таҳқиқи нав нишон додааст, ки пули фиристодаи муҳоҷирон манбаи асосии даромади оилаҳои зиёде дар Тоҷикистон аст ва агар ин пул набошад, мумкин аст, зану фарзанду волидони онҳо гурусна монанд. Таҳқиқ аз Созмони Байнулмилалии Муҳоҷират аст, ки давраӣ анҷом мешавад ва ин дафъа аз моҳи май то июли имсолро дар бар гирифтааст.

Таҳқиқ ҳафтаи гузашта ва рӯзи 11-уми декабр нашр шуд. Дар ин пажӯҳиш омадааст, ки бисёре аз муҳоҷирони тоҷик аз нисф зиёд ё 53 дар сади музди кору даромадашонро ба ватан ва хонаводаҳояшон мефиристанд.

Омору иттилооте, ки ҳангоми таҳқиқ ба даст омадааст, тасвири рӯшанеро аз саҳми муҳоҷирон дар зиндагии рӯзмарра ва ҳамингуна иқтисоди Тоҷикистон нишон медиҳад.

Таҳқиқи нави Созмони Байнулмилалии Муҳоҷират бар асоси суҳбат бо тақрибан 2200 муҳоҷири бозгашта дар 5 вилоят ва дар 12 ноҳияи кишвар анҷом шудааст. 98 дар сади муҳоҷироне, ки бо онҳо суҳбат сурат гирифтааст, аз Русия бозгаштаанд.

Ҳаштоду ҳафт дар сади онҳое, ки барои кор ба хориҷ ва асосан ба Русия мераванд, гуфтаанд, ба хона пул мефиристанд. Аксарият ҳар моҳ ва баъзеҳо вобаста ба даромаде, ки меёбанд.

Тақрибан 75 дар сади муҳоҷирони тоҷик 25 дар сад ва ҳиссаи зиёдтари музди корашонро ба Тоҷикистон мефиристодаанд, то хонаводаҳояшон пуле барои хӯрдану таҳсили фарзандон ва муолиҷа дошта бошанд. Дар ин миён 37 дар сади муҳоҷирон гуфтаанд, ки бештар аз нисфи даромадашонро ба Тоҷикистон мефиристанд ва ончиро ки монд барои худ, яъне пули иҷораву хӯрду хӯрок сарф мекунанд.

Ин омор бори дигар собит мекунад, ки пули муҳоҷирони корӣ на танҳо як манбаи даромад, балки василаи асосии зинда ва ё амон мондан аз гуруснагиву тангдастӣ боқӣ мемонад. Таҳқиқоти Созмони Байнулмилалии Муҳоҷират дар гузашта нишон додааст, ки қисмати пули зиёде, ки муҳоҷирони тоҷик бо кору заҳмати зиёд дар сохтмону ҷойҳои дигар ба даст меоранд, ба истилоҳи мардумӣ фақат барои шикам сарф мешудааст, на барои сармоягузории дарозмуддат.

Мақомоти Тоҷикистон аксар вақт гуфтаанд, ки мехоҳанд, пуле, ки муҳоҷирон мефиристанд ва ё ҷамъ мекунанд, барои соҳибкорӣ ва ташкили бизнеси хурде сарф шавад, аммо таҳқиқ воқеияти дигареро нишон додааст.

Аксари муҳоҷирон ё 93 дар сади онҳое, ки Созмони Байнулмилалии Муҳоҷират бо онҳо суҳбат кардааст, гуфтаанд, бо ҳадафи дастгирии хонавода, аз ҷумла хариди маводи ғизоӣ ва таъмини эҳтиёҷоти рӯзмарраи онҳо пул мефиристанд.

Як қисми дигари пули муҳоҷирон, яъне 57 дар сад барои муолиҷа, 47 дар сад барои пули таҳсили масалан ягон фарзанди донишҷӯ харҷ мешудааст. Фақат 7 дар сад гуфтаанд, ки бо ҳадафи он ба ягон бародар ё рафиқу наздикашон пул фиристодаанд, ки бизнес ва ё тиҷоратеро шуруъ кунанд. Яъне ҳиссаи бисёре каме аз пули муҳоҷирон барои соҳибкорӣ ва ё сармоягузорӣ ба тиҷорати хурд сарф мешудааст.

Сабаби инро таҳқиқоти зиёди пешина ҳам маълум кардаанд ва он ҳам муҳити номусоиди тиҷорат, аз қабили ришвахорӣ, тамаъҷӯии мақомот дар идораҳои давлатӣ ва расмиёти зиёд будааст. Дигар ин ки хонаводаҳое, ки пойбанди пули муҳоҷирон ҳастанд, захираи кофӣ барои оғози соҳибкорӣ надоранд ва аз ин сабаб маҷбуранд, фақат эҳтиёҷоти асосии худро қонеъ гардонанд, яъне пулро барои шикам сарф кунанд.

Дар умум аз ин гузориш бармеояд, ки ҳарчанд пули муҳоҷирон иқтисоди Тоҷикистонро устувор нигоҳ медорад, ба рушди устувори иқтисодӣ ва бунёди ҷойҳои корӣ ба таври лозим мусоидат карда наметавонад.