Билл Клинтон ба суолҳо дар бораи парвандаи Эпштейн посух дод

Билл Клинтон

Билл Клинтон, раиси ҷумҳури пешини Иёлоти Муттаҳида дар робита ба парвандаи сармоягузори расвошуда Ҷеффри Эпштейн дар назди кумитаи Конгресси ИМА шаҳодат дод.

Клинтон рӯзи ҷумъаи 27-уми феврал дар ин ҷаласа гуфт, дар вақти муносибат бо Эпштейн ҳеҷ чизеро надид, ки ӯро нигарон карда бошад.

Ҷаласаи кумитаи Конгрес бо Билл Клинтон паси дарҳои баста баргузор шуд, аммо президенти собиқи Амрико матни суханрониашро нашр кард.

Дар ин матн Билл Клинтон навиштааст, дар бораи ҷиноятҳои Эпштейн чизе намедонист.

Дар ҳамин ҳол хабаргузории "Ройтерс" гузориш додааст, ки Клинтон дар оғози солҳои 2000-ум ва баъди тарки мақоми президентӣ чанд бор бо ҳавопаймои Ҷеффри Эпштейн парвоз кардааст. Билл Клинтон дар ин бора гуфтааст, агар дар кори Эпштейн шубҳае медошт, "на танҳо бо ҳавопаймои ӯ парвоз намекардам, балки худам ӯро ба мақомоти адлия месупоридам".

Эпштейн сармоягузори амрикоӣ, ки ба қочоқи ҷинсии ноболиғон муттаҳам мешуд, соли 2019 дар маҳбас худкушӣ кардааст. Вазорати адлияи Амрико ахиран се миллион саҳифа аз ҳуҷҷатҳои ин миллиардери расвошударо дастраси умум гардонд. Дар миёни ҳуҷҷатҳо аксҳои Билл Клинтон бо занон дида мешавад. Чеҳраи ин занон пӯшонда шудааст.

Қаблан Ҳиллари Клинтон, ҳамсари Билл Клинтон, низ дар бораи парванда дар кумитаи Конгресс суханронӣ карда гуфт, вохӯрӣ бо Эпштейнро ба ёд надорад. Ҳиллари Клинтон даъват кард, ки Доналд Трамп, президенти феълии Амрико низ дар робита ба парвандаи Эпштейн шаҳодат диҳад.

Ҷеймс Комер, роҳбари комиссияи таҳқиқи парвандаи Эпштейн дар Конгресси ИМА гуфт, зану шавҳар Клинтонҳо ба ягон қонуншиканӣ гунаҳкор нашудаанд, вале мебоист ба суолҳо бобати парвандаи Эпштейн посух медоданд.