Иёлоти Муттаҳида аз соли 1991 то кунун ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 400 миллион доллар кумаки амниятӣ кардааст.
Карсон Релитс Рокер, кордори сафорати Амрико дар Душанбе, дар як нигоштааш гуфтааст, ин ёриҳо асосан барои ҳифзи сарҳад, мубориза бо терроризм, омӯзиши нерӯҳои амниятӣ ва рушди зербунёдҳо дар марз сарф шуданд.
Мақолаи ӯ бахшида ба 250-солагии истиқлоли Амрико ва 35-солагии муносибати Вашингтону Душанбе рӯзи 13-уми август нашр шуд.
Ба иттилои ӯ, Вашингтон дар ин муддат беш аз даҳ дидбонгоҳи сарҳадиро дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон сохта ё таъмир кардааст. Аз ҷумла, бунёди қисми сарҳадии “Айвоҷ” дар ноҳияи Шаҳритус, ки 14,5 миллион доллар харҷ дошт.
Карсон Релитс Рокер
“Ин кумакҳо ба нерӯҳои амниятии Тоҷикистон имкони назорат ба қаламрави васеъ ва кӯҳистонӣ ва имкони вокуниши фаврӣ ба ҳамлаҳо дар сарҳадро медиҳад,” – афзудааст ӯ.
Карсон Релитс Рокер дар мақолааш гуфтааст, Иёлоти Муттаҳида танҳо дар панҷ соли охир барои беҳтар кардани тавоноиҳои Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм қариб 40 миллион доллар додааст.
Вай ҳамзамон аз нақши Душанбе барои пуштибонӣ аз амалиёти байнулмилалии зиддитеррористӣ, баъд аз ҳамлаҳои 11-уми сентябри соли 2001, ситоиш намудааст.
Ба гуфтаи ӯ, агарчи Тоҷикистон “дар рӯ ба рӯи таҳдиди террористони ҷаҳонӣ ба соҳибихтиёрӣ ва субот” қарор дошт, ба ҳавопаймоҳои Амрико иҷоза додааст, ки дар хокаш поин биоянд ва сӯзишворӣ бигиранд.
Кордори сафорати Амрико бори дигар пуштибонии кишварашро аз Душанбе баён дошта, “Тоҷикистони амну соҳибихтиёр”-ро ба нафъи тамоми минтақа донистааст. “Мо якҷоя муборизаро бар зидди терроризм, ки кишварҳои моро таҳдид мекунад, идома хоҳем дод,” – хулоса кардааст ӯ.
Додугирифти Тоҷикистон ва Амрико зиёд нест, аммо Иёлоти Муттаҳида ҳар сол ба воситаи барномаҳои гуногун ба Душанбе миллионҳо доллар мадад мекунад. Соли 2025 ширкатҳои Тоҷикистону Амрико бо ҳам ба маблағи беш аз 3 миллиард доллар созишнома имзо карданд.