Беш аз 400 ҳазор нафар дар Русия дархости хидмат дар артишро кардааст

Соли 2024 беш аз 407 ҳазор нафар бо вазорати дифои Русия қарордод бастаанд. Нашрияи "Важные истории" менависад, ки чунин оморро дар паи таҳлили хароҷоти буҷаи федеролии Русия дар соли гузашта ба даст овардаанд.

Дар матлаби ин нашрия омадааст, ки 407,2 ҳазор нафар соли 2024 барои хидмат дар артиш қарордод имзо карданд. Сабабаш ин ки, менависад нашрия, августи соли 2024 президенти Русия Владимир Путин пардохти маблағ барои хидмат дар артишро аз 195 ҳазор рубл ба 400 ҳазор рубл афзоиш дод.

Ҳисоб шудааст, ки дар чормоҳаи охири соли 2024 рӯзона ба ҳисоби миёна 1700 нафар қарордод имзо мекард. Ин 1,3 баробар камтар назар ба соле аз он пеш будааст. Баҳори соли 2025 дубора омор поин омада, рӯзе ба ҳисоби миёна 1000 нафар барои хидмат дар артиш изҳори омодагӣ кардааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Духтаронро дар пеши чашми модарон таҷовуз мекарданд". Саргузашти асирони украинии артиши Русия "Комилан девона шудааст." Интиқоди тунди Трамп аз ПутинCNN: фармондеҳони рус амр медоданд асирони украиниро қатл кунанд