Беш аз чиҳил шаҳрванди Тоҷикистонро рӯзи 19-уми март ба Русия роҳ надода, дар Фурудгоҳи “Жуковский”-и шаҳри Маскав нигоҳ доштаанд.
Яке аз муҳоҷирон бо шарти фош нашудани номаш ва фиристодани чанд аксу видео ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо аз шаҳри Душанбе омаданд, вале бидуни сабаб дар як ҳуҷраи хурди фурудгоҳ маҳкам карда шуданд.
Акс аз наворҳои фиристодаи муҳоҷирон
Дар наворҳо низ дида мешавад, ки баъзе аз муҳоҷирон дар катҳои оҳанӣ хобида, баъзеи дигар рост истодаанд ё дар замину курсиҳо нишастаанд. "Мо дар ин ҷо қадр надорем. Ҳар соат 5-6 нафар ба сафи мо мепайвандад," – навишт яке аз муҳоҷирони тоҷик дар паёми хатӣ ба Радиои Озодӣ.
Ӯ афзудааст, марзбонҳои Русия танҳо шаҳрвандони Тоҷикистонро зери заррабин қарор додаанд, вале муроҷиати телефонии онҳо ба сафорати кишвар дар Маскав натиҷаи мусбат надодааст. "Моро ба мисли ҳайвон маҳкам карданд. Идии мо ҳамин аст магар?" – навиштааст яке аз муҳоҷирон.
Шарҳи ҷониби Русия дастрас нест. Рӯшан нест, ин гурӯҳи муҳоҷирон баъд аз тафтиш ба Русия роҳ дода мешаванд ё бо қарори додгоҳ ба Тоҷикистон пас баргардонда хоҳанд шуд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Ихроҷи даҳҳо муҳоҷири тоҷик аз Русия дар як рӯзМақомоти Русия дар бештар аз ду соли охир борҳо монеи вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба хоки ин кишвар шуда, гурӯҳеро бо қарори додгоҳ аз ин кишвар берун кардаанд.
Ба иттилои расмӣ, мақомоти Русия дар соли 2025 беш аз 54 ҳазор хориҷиро, ки дар миёнашон шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд, аз ин кишвар ихроҷ кардаанд.