Мақомоти Русия баъди се рӯзи нигаҳдорӣ беш аз 20 муҳоҷири тоҷикро аз фурудгоҳи "Внуково"-и Маскав ба Тоҷикистон ихроҷ кардаанд.
Муҳоҷирони тоҷик рӯзи 10-уми апрел бо ирсоли навор ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки се рӯз дар шароити бад қарор доштанд ва сабаби роҳ наёфтан ба Русияро низ касе барояшон шарҳ надод.
Дар ҳоле ки ба гуфтаи онҳо, тамоми санадҳояшон дуруст буд ва дар Русия ҳаққи иқомат доштанд.
Чанд рӯз пеш низ ба беш аз 500 муҳоҷири тоҷик дар марзи Қазоқистон бо Русия иҷозаи ворид шудан надода буданд. Ин муҳоҷирон мехостанд бо мошин ва аз роҳи заминӣ вориди Русия шаванд.
Ин гурӯҳи муҳоҷирон рӯзи 9-уми апрел хабар доданд, ки пас аз як ҳафта мақомоти рус ба онҳо иҷозаи вуруд ба Русияро додаанд.
Дар Русия ҳудуди як миллион муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунанд ва ин кишварро барои сиёсати саркубгарона нисбат ба муҳоҷирон танқид мекунанд. Мақомоти Русия борҳо гуфтаанд, ки ҳадафашон рафъи қонуншиканиҳо ҳаст