Беш аз 20 кушта дар ҳамлаҳои ҳавоии Русия ба Украина

Намое аз ҳамлаи Русия ба шаҳри Краматорск. 5 май, 2026.

Дар пайи ҳамлаи Русия ба шаҳри Запорожеи Украина 12 нафар ҳалок шудаанд. Волии вилоят ҳамчунин аз захмӣ шудани 40 каси дигар хабар дод. Ин ҳамла сешанбеи 5-уми май анҷом шудааст.

Иван Федоров, волии Запороже дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, Русия бо бомбҳои ҳавоӣ ба ин минтақа ҳамла кардааст.

Хадамоти ҳолатҳои фавқулодаи Украина хабар дод, ки равоншиносон ба 40 нафар, аз ҷумла 6 кӯдак кумак мерасонанд. Ин ниҳод ҳамчунин аз идомаи амалиёти наҷот хабар додааст.

Рӯзи 5-уми май неруҳои Русия ҳамчунин ба шаҳри Краматорск ҳамла кардаанд, ки дар натиҷа дастикам 6 кас кушта шудааст. Волии вилояти Донетск аз захмӣ шудани панҷ каси дигар хабар додааст.

Ҳамчунин дар ҳамлаи неруҳои Русия ба шаҳри Днепр 4 кас кушта ва 16 нафари дигар захмӣ шудаанд.

Ба ин тартиб, дар шабонарӯзи ахир дар пайи ҳамлаҳои артиши Русия зиёда аз 20 шаҳрванди одӣ дар Украина кушта шудаанд.