Бар асоси қонуне, ки рӯзи шонздаҳуми июн раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон имзо кард, зиёда аз 18 ҳазор касро дар Тоҷикистон афв мекунанд. Аз ҷумла, 11 ҳазору 305 нафар аз зиндону боздоштгоҳ ва муассисаҳои сукунатӣ озод ва ё парвандаашон қатъ шуда, муҳлати ҷазои 6 ҳазору 733 тани дигар кам мегардад.
Ҳоло маълум нест, ки қонун нисбат ба мухолифону фаъолони зиндонии ҳукумат низ татбиқ хоҳад шуд ё не, вале дар гузашта теъдоди ангуштшумори онҳо аз афв баҳраманд шудаанд. Наздикони баъзеи дигар гуфта буданд, азбаски кам кардани муҳлати зиндони онҳо дар ивази пушаймонӣ ё имдодталабӣ аз раисҷумҳур пешниҳод шуда буд, напазируфтанд.
Вебсайти раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 16-уми июн навишт, афв дар пайванд ба солгарди 35-уми истиқлоли давлатӣ, ки нӯҳуми сентябр таҷлил мешавад, эълон шудааст.
Ҳукумат онро “сиёсати инсондӯстона” номидааст, ки “ба шахсоне, ки даст ба ҷиноят задаанд, имкон медиҳад, ислоҳ шаванд, ба назди наздикону пайвандҳои худ баргашта, ба кору фаъолияти созанда машғул шаванд.”
Ин дар ҳолест, ки намояндагони мухолифону созмонҳои байнулмилалӣ солҳои охир ҳукуматро ба боздошту ҳабси фаъолони маданӣ, хабарнигорон ва дигарандешон ва нигоҳ доштани теъдоди зиёди маҳкумшудаҳо дар ҳуҷраҳои ба гуфтаи онҳо тангу шароиташ нохуб танқид кардаанд.
Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, қонуни нави авф нисбат ба занону ноболиғон имтиёзҳои бештар додааст.
“Аз 507 зан, ки адои ҷазо менамоянд, 248 нафар аз адои боқимондаи ҷазо озод мегарданд ва нисбат ба 259 нафар муҳлати адои ҷазо кам карда мешавад. Аз 134 ноболиғе, ки адои ҷазо менамояд, 99 нафар аз адои боқимондаи ҷазо озод гардида, нисбат ба 35 нафар муҳлати боқимондаи адои ҷазо кам карда мешавад,” – навиштааст манбаъ.
Аз мақомот хоста шудааст, ки қонунро дар бораи афв дар давоми ду моҳ иҷро карда, зиндониёни раҳошударо бо кор таъмин кунанд ва ноболиғонро бо таҳсил фаро гиранд. Дар гузашта иддае аз вуҷуди мавридҳои фасод ҳангоми татбиқи қонуни афв ва бархе аз зиндониёни озодшуда аз набудани ҷойи кор шикоят карда буданд.
Дар Тоҷикистон бори охир моҳи марти соли 2025 авфи тақрибан нуҳсад зиндонӣ эълон шуд. Аз он пеш, моҳи сентябри соли 2021 ва ба ифтихори 30-солагии истиқлол, ёздаҳуним ҳазор кас аз ҷавобгарии ҷиноӣ ва адои ҷазо озод гардиданд.
Мухолифони ҳукумат дар берун аз кишвар ва намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ ҳамвора мақомоти Тоҷикистонро барои зиндонӣ кардани теъдоди зиёди одамон ва он ҳам ба солҳои тӯлонӣ танқид мекунанд.
Департаменти давлатӣ ё Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар моҳи апрели соли 2024 “аз ҳад зиёд будани зиндониҳоро дар маҳбасҳои Тоҷикистон” мушкили ҷиддӣ номида буд.
Дар зиндонҳои Тоҷикистон на камтар аз даҳ ҳазор нафар нигоҳ дошта мешаванд.