Беларус даҳҳо зиндониро озод кард. Белятский: "Мубориза идома дорад"

Мария Калесникова, яке аз раҳбарони эътирозҳои соли 2020, хоҳони раҳоии ҳамаи маҳбусони сиёсӣ дар Беларус шуд

Пас аз он ки Вашингтон дар бораи имкони бекор кардани таҳримҳо алайҳи содироти нуриҳои минералии Беларус сухан гуфт, Минск рӯзи 13-уми декабр даҳҳо зиндониро озод кард.

Ба гуфтаи намояндагони Амрико, расонаҳои Беларус, созмонҳои ҳуқуқи башар ва мақомоти Украина, раисҷумҳури Беларус Александр Лукашенко дар умум 123 зиндонӣ, аз ҷумла баъзе аз намояндагони мухолифинро "бахшидааст".

Дар байни онҳое, ки аз зиндон раҳо шуданд, яке аз раҳбарони эътирозҳои соли 2020 Мария Калесникова ва барандаи ҷоизаи Нобел Алес Белятский низ ҳастанд.

Денис Кучинский, намояндаи раҳбари мухолифини Беларус Светлана Тихановская, гуфт, ҳамаи маҳбусони сиёсии раҳошуда “саломат ҳастанд” ва Беларусро тарк карданд. Мақомоти Украина гуфтанд, ки 114 зиндонии раҳошуда аз Беларус ба Украина расиданд. Нӯҳ нафари дигар ба Литва рафтаанд.

Мария Калесникова баъд ворид шуданаш ба хоки Украина хоҳони раҳоии ҳамаи маҳбусони сиёсӣ дар Беларус шуд. Алес Белятский дар Литва ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ва расонаҳои дигар гуфт, "муборизаи мо идома дорад".

Ҷон Коул, фиристодаи вижаи президенти Амрико Доналд Трамп дар умури Беларус, дар шабакаи “X” аз ин иқдом ситоиш кард ва онро як гоми муҳим дар муносибатҳои байни Иёлоти Муттаҳида ва Беларус номид.

Коул инчунин ба хабаргузории "Рейтерс" гуфт, эҳтимол Беларус дар моҳҳои оянда маҳбусони бештарро раҳо кунад, вале тафсилот надод.

Беларус дар моҳи феврали соли 2022 барои ҳамкорӣ бо Русия дар ҳамла ба Украина бо таҳримҳои шадиди Ғарб рӯ ба рӯ шуд. Ҳукумати ин кишвар дар моҳҳои охир дар чанд марҳила даҳҳо зиндониро озод кард, аммо садҳо нафаре, ки маҳбусони сиёсӣ дониста мешаванд, то ҳол дар зиндонҳои Беларус ҳастанд.