Маҳдудиятҳои афзояндаи истифодаи интернет дар Русия ҳатто тиҷоратҳои хурдро дар ин кишвар бо мушкилот рӯ ба рӯ кардааст.
Маҳдуд шудани кори паёмрасонҳои маъруф ба мисли Телеграм, сахттар кардани назорат бар истифодаи қулфшиканҳо ё худ ВПН ва қатъи интернети мобилӣ барои соҳибкорон, дар саросари кишвар мушкилоти ҷиддиро ба бор овардааст.
Наталя Куковинетс маҷбур шуд, чанд бор барномаҳои паёмнависиро иваз кунад, то бо муштариёнаш дар тамос бошад. Ӯ, ки барои сагҳо либос омода мекунад, ҳамчун яке аз соҳибони тиҷорати хурд дар Русия, бо маҳдудиятҳои афзояндаи интернет аз ҷониби Кремл мувоҷеҳ шудааст.
Маҳдудиятҳо дар барномаҳои маъруф ба мисли Telegram, назорати сахттари ВПН ва қатъи интернети мобилӣ барои ин ширкатҳо мушкилоти ҷиддӣ эҷод кардааст. Барои бренди “Куковинетс” пас аз баста шудани Инстаграм дар соли 2022 ва паёмрасони Вотсап дар моҳи феврал, Телеграм ба ягона манбаи фурӯш табдил ёфт. Аммо Телеграм низ ҳоло таҳти фишор қарор дорад.
Наталя Куковинетс мегӯяд, "ҳоло ки кори Телеграм маҳдуд шудааст, гирифтани дархост хеле мушкил гаштааст. Бе истифода аз ВПН барнома кор намекунад ва аксаран паёмҳо намеоянд. Ҳамчунин боргирӣ намудани аксҳо мушкил аст. Илова бар ин, баъзе замимаҳо ҳангоми фаъол кардани ВПН дуруст кор намекунанд, дар ҳоле ки Телеграм инро талаб мекунад. Ҳамаи ин барои кашол ёфтани кор бо муштариён мешавад”
Наталя аз ягона нафаре нест, ки бо ин мушкил дасту панҷ нарм мекунад. Фаъолияти теъдоди бешумори ширкаҳои хурди тиҷоратӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар Русия бо мессенҷерҳо вобаста мебошанд.
Видеоро инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Интернети суст кори тоҷирони Русияро сахт кардааст
Дар тарабхонаи «Скрепка» дар Маскав гуфтанд, ки моҳи апрел бинобар ба ҳам задани кори интернет онҳо натавонистанд фармоишҳои онлайниро барои омода кардани шириниҳои идона анҷом бидиҳанд.
Корсози тарабхона Даря Тетерина мегӯяд, афзоиши якбораи фармоишҳо боти Tелеграми онҳоро ба муддати як соат аз кор андохт. Мизоҷон натавонистанд рамзҳои QR-ро барои гирифтани ширинҳои худ зеркашӣ кунанд, ки ин боиси хашм ва шикоятҳои онҳо шуд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Путин қонуни назорати сахти ФСБ бар интернетро имзо кардҲафтаи ҷорӣ Кремл гуфт, зиёни соҳибкоронро аз қатъ шудани интернети мобилӣ дар Маскав ҷуброн намекунад. Президент Владимир Путин исрор меварзад, ки чунин маҳдудиятҳо барои амнияти миллӣ зарур мебошанд.
То кунун дар бораи он, ки маҳдудиятҳои гуногуни интернтӣ ба иқтисод чӣ таъсир расондаанд, ягон маълумоти расмӣ вуҷуд надорад. Аммо як назарсанҷии ахир нишон дод, ки ба бовари аз се ду ҳиссаи русҳо, маҳдудиятҳо зиндагии ҳаррӯзаи онҳоро мушкилтар кардааст.
Як корманди ширкати риэлторӣ дар Маскав гуфт, ки дар маркази шаҳр паёмҳо дар аксар вақт бо таъхир мерасанд, ки ин фиристодани посух ва иртиботро душвортар мекунад.
Ба гуфтаи ӯ чунин вазъият боиси нороҳатӣ ва зиёни молӣ ҳам барои ширкат ва ҳам барои муштариён мегардад.
Дар як соли ахир мақомоти рус бо равишҳое барои пешгирӣ аз вуруди паҳбодҳои украинӣ ба ҳарими ҳавоии Русия, даст ба кор шудаанд.
Мақомот аз ҷумла, шабакаҳои интернетии маҳбуб, ба вижа барномаҳои паёмрасон монанди "Вотсапп" ва "Телеграм"-ро маҳдуд карданд. Ҳар ду барнома ба шиддат масдуд шудаанд, зеро ҳукумат талош мекунад, то русҳоро ба истифодаи як барномаи зери ҳимояти ҳукумат бо номи Max тарғиб кунад. Дар як гузориш омадааст, ки "Телеграм" аз аввали моҳи апрел ба таври комил баста хоҳад шуд.
"Роскомнадзор", ниҳоди танзимкунандаи фаъолияти фановарӣ дар Русия, "Телеграм"-ро, ки аз сӯи Павел Дуров сохта шудааст ва ҳоло дар табъид ба сар мебарад, ба ифшои маълумоти шахсии шаҳрвандони Русия муттаҳам кард.