Кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, барои харидани аслиҳаву муҳиммот ҳарчи бештар ба Ҳинду Чин, Туркия ва Аврупо рӯй оварда, кӯшиш доранд, ки вобастагии худро дар ин замина аз Русия кам кунанд. Ба назари баъзе аз таҳлилгарон, чунин гуногунсозӣ ба онҳо имкони бештари сиёсӣ медиҳад, аммо дар дарозмуддат аз назари таъминот душворӣ пеш хоҳад овард.
Раҷеш Кумар Сингҳ, вазири дифои Ҳинд, дар аввали моҳи октябр гуфт, ки Деҳлӣ ба Тоҷикистон ва Туркманистон маҷмааҳои мушакии зиддиҳавоии Akash-ро бомуваффақият супурд. Душанбе ва Ишқобод дар бораи чунин муомила шарҳе надодаанд. Теъдоди маҷмааҳо, замони таҳвил ва арзиши онҳо ҳамоно пинҳон мемонад.
Дар ҳар сурат, ин муомила ба ду кишвари Осиёи Марказӣ имкон медиҳад, анборҳои худро, ки пештар танҳо аз силоҳу техникаҳои низомии Русия иборат буданд, бо маҳсулоти алтернативӣ пур кунанд. Расонаҳои Ҳинд қаблан гузориш дода буданд, ки Арманистон дар соли 2022 понздаҳ маҷмааи Akash-ро бо арзиши тақрибан 720 миллион доллар супориш додааст, аммо ҳукумат ин рақамҳоро расман тасдиқ накард.
Akash маҷмааи сайёри мушакии зиддиҳавоист, ки барои нобуд кардани ҳавопаймоҳо, бесарнишинҳо ва мушакҳо пешбинӣ шудааст.
“Тавозуни ҳарбиро дигар намекунад”
Низомҳои дифои зиддиҳавоии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар тӯли даҳсолаҳо асосан ба техникаи шӯравӣ ва русӣ такя мекарданд ва Маскав масъули таъмини таҷҳизот, омӯзиши кадрҳо ва хидматрасонӣ буд. Иттиҳодҳое чун Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ низ нақши Русияро ҳамчун кафили асосии амният дар минтақа тақвият дода буданд.
Павел Баев, корманди илмии Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти сулҳи Осло, харидҳои нави кишварҳои Осиёи Марказиро паёми рӯшани сиёсӣ ба Маскав номид. Вай гуфт, “ба тасаввури ман, ин бештар кӯшиши баёни мавқеъ аст, на афзоиши воқеии тавоноӣ.”
Тоҷикистон узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ва мизбони як пойгоҳи бузурги низомии Русия аст. Туркманистон, баръакс, сиёсати бетарафиро пеш гирифтааст. Баев мегӯяд, ҳарду кишвар мехоҳанд ба Маскав гӯшзад кунанд, ки мавқеи бартариҷӯёнаи он, ки бар қудратнамоӣ ва таъмини амнияти режимҳои ҳоким устувор буд, ба поён расидааст.
Пойгоҳи 201-уми Русия дар шаҳри Душанбе
Илова ба паҳлӯҳои сиёсии масъала, як мушкили дигар ҳам вуҷуд дорад. Саноати дифоии Русия зери фишори таҳримҳои Ғарб ва зарбаҳои Украина мондааст ва Маскав қодир нест артиши кишварҳои Осиёи Марказиро бо таҷҳизоте, ки аз онҳо вобастаанд, мисли пешина таъмин кунад ё ба онҳо хидмат расонад.
Бино ба маълумоти Пажӯҳишгоҳи байнулмилалии таҳқиқоти сулҳи Стокҳолм (SIPRI), содироти силоҳи Русия дар муқоиса ба давраҳои 2016-2020 ва 2021-2025 ба андозаи 64 дарсад кам шудааст. Дар натиҷа, саҳми Русия дар бозори ҷаҳонии аслиҳа аз 21 дарсад то ба 6,8 дарсад поин омадааст.
Ермек Сейтбатталов, таҳлилгари низомии Қазоқистон ва сарҳанги бознишастаи нерӯҳои ҳавоии ин кишвар, мегӯяд, ҳукуматҳо халалдор шудани занҷираҳои таъминоти Русияро дарк мекунанд.
“Чунин фаҳмиш вуҷуд дорад, ки Русия дар ояндаи наздик наметавонад қисмҳои эҳтиётӣ ва чизҳои дигареро, ки барои таъмиру хидматрасонӣ ба силоҳу муҳиммоти мавҷуд ва ҳамчунин дар ҳолати омодабоши ҷангӣ нигоҳ доштани онҳо заруранд, дастрас кунад,” – гуфт ӯ.
Сейтбатталов афзуд, харидани таҷҳизоти нав танҳо як бахши ҳалли мушкил аст: “Akash-и Ҳинд тавозуни ҳарбиро дар Осиёи Марказӣ дигар намекунад, зеро ин силоҳ танҳо яке аз ҷузъҳоест, ки бояд низоми умумиро пурра кунад.” Ба қавли ӯ, барои фаъолияти муассири як низоми мукаммали дифои зиддиҳавоӣ зербунёдҳои мувофиқе чун радарҳо, шабакаҳои муҳофизатшудаи интиқоли додаҳо (маълумот) ва маркази фармондеҳию идоракунӣ зарур аст.
Душвории пеши рӯ чист?
Номуайяниҳо зиёданд. Шояд танҳо як чиз рӯшан аст, ки барои Осиёи Марказӣ дигар “бародари калонӣ” вуҷуд нахоҳад дошт.
Парад ё гаштҳои низомии моҳҳои охир нишон медиҳанд, ки артиши кишварҳои Осиёи Марказӣ то чӣ андоза фаъолона техникаи худро гуногун мекунанд. Аз ҷумла, 27-уми сентябр дар паради бахшида ба Рӯзи истиқлол дар Ишқобод низоми дифои зиддиҳавоии FK-2000-и сохти Чинро намоиш доданд. Туркманистон дар ҳамин парад ҳавопаймои ҳамлавари A-29 Super Tucano-и сохти Бразилия ва ҳавопаймоҳои таълимиву ҷангии Leonardo M-346-и сохти Итолиёро низ ба чархиш даровард.
Тоҷикистон маҷмааи мушакии зиддиҳавоии HQ-17AE-и сохти Чин ва ҳамчунин мошинҳои зиреҳпӯши истеҳсоли ин кишвари ҳамсояро, ки барои интиқол ва муҳофизати ҳайати шахсӣ пешбинӣ шудаанд, нишон дод.
Узбекистон ҳангоми таҷлил аз Рӯзи истиқлол ҷангандаҳои J-10CE-и истеҳсоли Чинро ба намоиш гузошт. Қирғизистон чанд дрон ё ҳавопаймои бесарнишини низомии Туркияро харидааст.
Гузаштан ба истифодаи таҷҳизоти ҳарбии гуногун дар Осиёи Марказӣ метавонад душвории наверо ба миён орад. Таҳлилгари низомӣ Сейтбатталов мегӯяд, “мушкили аввал дар он аст, ки ин навъи силоҳу муҳиммоти ҷангиро наметавон бар асоси меъёрҳои ягона истифода кард. Ин ҳолат, ҳамчунин, ҳангоми омода кардани мутахассисони низомие, ки тавонанд ҳамаи навъҳо ва системаҳои гуногуни силоҳро дар сатҳи баланд истифода кунанд, душворӣ эҷод мекунад.”
Ӯ таъкид мекунад, ки мушкилоти дигар ба “эҷоди захираҳо, нигоҳдорӣ, харидани қисмҳои эҳтиётӣ ва абзорҳо, таъмир, дароз кардани муҳлати истифода, навсозӣ, хидматрасонии техникӣ ва истифодабарӣ” марбутанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
"Таҷҳизоту буҷаи кофӣ надорад", "аммо дар кӯҳ ҷанг карда метавонад". Сустӣ ва тавоноиҳои артиши ТоҷикистонЧин ҷойи Русияро мегирад?
Агар Русия дигар фароҳамкунандаи асосии силоҳу муҳиммот барои Осиёи Марказӣ набошад, дар оянда кӣ метавонад ҷойи онро бигирад? “Чин, бидуни шак, як шарики муҳим аст, аммо дар пайи бартариҷӯйӣ нест ва ҳадафаш таҳкими субот аст. Чизе, ки ба хости режимҳои ҳоким комилан рост меояд,” -- гуфт пажӯҳишгар Павел Баев.
Ба маълумоти Пажӯҳишгоҳи байнулмилалии таҳқиқоти сулҳи Стокҳолм, содироти силоҳ аз Чин дар муқоиса ба давраҳои 2016-2020 ва 2021-2025 11 дарсад бештар шудааст. Аммо дар гузориши ин созмон омори мушаххас дар бораи Осиёи Марказӣ оварда нашудааст.
Бо вуҷуди ин, Баев бовар надорад, ки Пекин ба ҷойи Маскав нақши қудрати ҳоким дар минтақаро ба уҳда бигирад. "Номуайяниҳо зиёданд. Шояд танҳо як чиз рӯшан аст, ки барои Осиёи Марказӣ дигар “бародари калонӣ” вуҷуд нахоҳад дошт," – мегӯяд ӯ.
Бо вуҷуди мушкилот дар занҷираи таъминот, ба гумон аст, ки Русия аз ҳамкориҳои низомӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ даст кашад. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, моҳи июл дастурҳоро дар бораи имкони тағйир додани созишномаҳои ҳамкории низомӣ-техникӣ бо Қазоқистон ва Узбекистон имзо кард. Баъзе аз таҳлилгарон ин иқдомро кӯшиши Маскав барои интиқоли бахше аз тавоноиҳои маҷмааи саноати ҳарбӣ ба минтақаҳое медонанд, ки аз ҳамлаҳои Украина дар амонанд.