Кори як мактаби вобаста аз Шабакаи Оқохонро дар Тоҷикистон боздоштаанд

Мақомоти Тоҷикистон фаъолияти Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказиро, ки аз ҳимояти Шабакаи Оқохон баҳравар аст, боздошта, иҷозатномаи онро бозпас гирифтаанд. Ин хабарро вебсайти "Pamir Inside", ки ҳодисаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро бозтоб медиҳад, рӯзи 16-уми март нашр кард.

Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдор як бахши Донишгоҳи Осиёи Марказӣ аст, ки дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Хуҷанд, Кӯлоб ва Хоруғ ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, ҳисобдорӣ, фанновариҳои нав ва барномасозӣ машғул аст.

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар изҳороте рӯзи 17-уми март гуфт, дар бораи кори Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдор аз ҷониби Оҷонси назорат дар соҳаи маориф огоҳинома гирифт. "Донишгоҳ дар асоси натиҷаи баррасии мазкур барномаҳои таълимии марказҳои омӯзиширо дар Тоҷикистон ногузир боз дошт," – гуфта шудааст дар изҳорот.

Дилбар Рӯзадорова, масъули шуъбаи робита бо ҷомеаи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, мегӯяд, онҳо кӯшиш мекунанд, ки вазъиятро “бо масъулияти баланд баррасӣ намуда, манфиатҳои шумораи зиёди хонандагон, омӯзгорон ва кормандонро ҳамаҷониба ба инобат гирад.”

Вай афзудааст, "ин тасмим ба барномаҳои таълимии Мактаби илмҳои гуманитарӣ ва дақиқи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, инчунин кори илмию тадқиқотии Донишгоҳ таъсир нахоҳад расонд ва барномаҳои мазкур чун пештара идома хоҳанд ёфт."

Дар ин мактаб зиёда аз 5300 нафар омӯзиш мегирифтанд.

Дар Оҷонси назорат дар соҳаи маориф хабарро шарҳ надоданд.

Шабакаи Рушди Оқохон, ки раҳбари куллаш Шоҳзода Раҳим Оқохон, пешвои исмоилиёни ҷаҳон аст, аз соли 2022, пас аз саркӯби хунини норозиён дар Хоруғу Рӯшон, аз чанд бинои худ дар Тоҷикистон маҳрум гашт.

Аз ҷумла, соли 2024 ҳукумати Тоҷикистон мӯҳлати созишнома бо Шабакаи Рушди Оқохон (АКDN)-ро, ки ба ин ниҳод мақом дипломатӣ медод, тамдид накард.

Ҳамчунин моҳи сентябри соли 2023 ба ҷойи Литсейи Оқохон дар шаҳри Хоруғ "Литсей барои хонандагони болаёқат" ба кор сар кард.

Замини Донишгоҳи вобаста ба Шабакаи Оқохон ва меҳмонхонаи "Серена" дар Хоруғ низ ба ихтиёри давлат гузаронда шуданд.

Боғи марказии фароғатии шаҳри Хоруғ, ки зери сарпарастии Бунёди Оқохон буд, ба моликияти давлатӣ табдил дода шуд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Ҳукумат созишномаро бо Шабакаи Рушди Оқохон дароз накард"Замини Донишгоҳи Осиёи Марказиро дар Хоруғ гирифтаанд"Дари Маркази тиббии Оғохон дар Хоруғ боз аст", вале...Литсейи Оқохон дар Хоруғ. Ном дигар шуд, мактаб мемонад? Замини Донишгоҳи марбут ба шабакаи Оқохон давлатӣ шудааст. UCA розӣ нест. САДОВазорати маориф сабаби давлатӣ кардани Литсейи Оқохонро шарҳ додҶанг бо сармоягузорон. Душанбе хостори сармоя, аммо муқобили сармоягузорҳоЗамини Донишгоҳи Осиёи Марказиро дар Хоруғ бозпас мегиранд? ВИДЕО