Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон, тарҳи қонунро дар бораи афв баррасӣ кардааст.
Дафтари матбуоти Маҷлиси Намояндагон рӯзи 16-уми июн бе овардани ҷузъиёт гуфт, лоиҳа баррасӣ ва "қарори дахлдор қабул карда шуд". Мақомоти Тоҷикистон ин ибораро аксаран дар мавриди ризоят додан ба чизе ё пазируфта шудани санаде истифода мекунанд.
Тарҳи қонуни афвро додситони кул Ҳабибулло Воҳидзода барои вакилон муаррифӣ кардааст. Тафсилоташ маълум нест.
Пештар манобеи огоҳ ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки дар пайванд ба 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон қонуни афви зиндониён қабул мешавад.
Яке аз манбаъҳои боварбахш рӯзи сешанбе гуфт, мумкин аст, қонуни нави афв нисбат ба 18 ҳазор нафар, аз ҷумла зиндониён ва онҳое, ки парвандаашон дар ҳоли баррасӣ аст, татбиқ шавад. “Қисми зиёдашон, албатта, занон ва ноболиғон хоҳанд буд,” – гуфт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, ба қавли як вакили мудофеъ, тарҳи қонуни афв баъд аз баҳсу баррасӣ ва қабул дар Маҷлиси Намояндагон ба раисҷумҳур пешниҳод хоҳад шуд. “То замони нашри он дар матбуот гуфтан мушкил аст, ки киҳо шомили афв мегарданд,” - -афзуд ӯ.
Тарҳро додситони кул Ҳабибулло Воҳидзода муаррифӣ кард
Дар Тоҷикистон бори охир моҳи марти соли 2025 афви тақрибан нуҳсад зиндонӣ эълон шуд. Аз он пеш, моҳи сентябри соли 2021 ва ба ифтихори 30-солагии истиқлол, ёздаҳуним ҳазор кас аз ҷавобгарии ҷиноӣ ва адои ҷазо озод гардиданд.
Дар зиндонҳои Тоҷикистон на камтар аз даҳ ҳазор нафар нигоҳ дошта мешаванд.
Мухолифони ҳукумат дар берун аз кишвар ва намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ ҳамвора мақомоти Тоҷикистонро барои зиндонӣ кардани теъдоди зиёди одамон ва он ҳам ба солҳои тӯлонӣ танқид мекунанд.
Департаменти давлатӣ ё Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар моҳи апрели соли 2024 “аз ҳад зиёд будани зиндониҳоро дар маҳбасҳои Тоҷикистон” мушкили ҷиддӣ номида буд.
Навор дар Инстаграм: