Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Амрико дар Душанбе

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Кристофер Ландау, муовини вазири умури хориҷии Амрико бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтугӯ кардааст. Дар мулоқоти рӯзи 18-уми ноябр дар Душанбе ду тараф "ҳолати кунунӣ ва дурнамо"-и ҳамкории Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳида, аз ҷумла дар бахши саноати кӯҳиро баррасӣ кардаанд.