Чанд рӯз қабл намояндагони Хадамоти зидиинҳисории Тоҷикистон ҳам гуфта буданд, ки эҳтимол имсол нархи истифодаи нерӯи барқ дар кишвар боло меравад.
Маҳмадумар Асозода, раиси ширкати "Барқи тоҷик" рӯзи 11-уми феврал зимни нишасти хабарӣ ба пурсишҳои батакрори Радиои Озодӣ дар бораи ва аз кай ва чӣ қадар гарони шудани қимати барқ посухи дақиқ надод ва танҳо гуфт, ки ин амр дар салоҳияти ҳукумат аст.
Аз ин пеш, Сафаралӣ Қурбонзода, муовини аввали раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон гуфта буд, ки пешниҳод барои боло бурдани арзиши барқ ба ҳукумат ирсол шудааст.
Ба гуфтаи ин масъули Хадамоти зиддиинҳисорӣ, нархи ниҳоии барқ "пас аз ҳисоб кардани хидматрасониҳои истеҳсол, интиқол ва тақсимоти барқ маълум мешавад".
Бори ахир нерӯи барқ моҳи январи соли 2024 гарон шуда буд. Аз он вақт сокинони Тоҷикистон барои ҳар киловат барқ 30,75 ва корхонаҳо 70,35 дирам месупоранд.
Корхонаҳои “Талко”, Комбинати металлургии Тоҷикистон ва корхонаи нуриҳои "Азот" нархи барқро аз дигар корхонаҳо арзонтар мегиранд.
“Талко” давлатӣ аст ва Комбинати металлургии Тоҷикистон тибқи ҳуҷҷатҳои Кумитаи андоз, аз сӯи “Фароз” таъсис ёфтааст. Намояндагони Комбинати металлургии Тоҷикистон борҳо гуфтаанд, ки ба ширкати “Фароз” ягон робита надоранд. Соҳиби корхонаи “Азот” маълум нест.